Душанбе. 16-уми июн. «Азия-Плюс» — | Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон дар робита ба қазияи боздошти хабарнигори бахши ӯзбекии радиои Ви-Ви-Си Ӯрунбой Усмонов дар шаҳри Хуҷанд ба иттиҳоми узвият ба созмони фаъолияташ манъшудаи «Ҳизб-ут-Таҳрир» изҳори нигаронӣ кард.

Сафорат аз мақомоти расмии Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, ки ҳарчӣ зудтар ин масъаларо пайгирӣ намуда, аз ҷараёни он дақиқан маълумот диҳанд.

«Британияи Кабир дар ҳамроҳӣ бо шарикони хеш аз Иттиҳоди Аврупо ба Ҳукумати Тоҷикистон муҳимияти озодии васоити ахбори умумро дар Тоҷикистон таъкид менамоянд. Мо кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистонро дар самти таъмини амният ва субот дар кишвар эътироф ва дастгирӣ менамоем, вале боисрор таъкид мекунем, ки Ҳукумати Тоҷикистон фаъолияти хешро дар ин самт бояд дар асоси ӯҳдадориҳои байналмилалии хеш ба роҳ андозад»,- гуфта мешавад дар изҳороти сафорат.

Ҳамчунин бо пахши як иттилоия нигаронии худро корпоратсияи телеизиону радиои Би-Би-Си низ изҳор дошт. Дар иттилоия гуфта мешавад: «Усмонов дар хадамоти Осиёи Марказии Би-Би-Си муддати 10 сол фаъолият дорад. Оилааш дар бораи бедарак шудани ӯ ҳанӯз рӯзи 13-уми июни соли 2011 баъди аз кор барнагаштанаш хабар дода буд. Рӯзи дигар соати 12:00 бо вақти Лондон ва ҷустуҷӯҳои беохири оилаи Усмонов ва ҳамкорони ӯ, Усмонов хамроҳи кормандони хадамоти махсуси Тоҷикистон ба хонааш омад. Ба гуфтаи аъзои оилаи Усмонов, мавриди латукӯб қарор гирифтани ӯ аён буд. Кормандони хадамоти махсус манзили ӯро мавриди ҷустуҷӯ қарор дода, сипас ӯро бо худ бурдаанд ва аз ҳамон замон ӯ имкон надорад, ки бо оилааш дар робита бошад».

Ҳамчунин гуфта мешавад, Ӯрунбой Усмонов тайи даҳ соли ахир барои Хадамоти Осиёи Марказии Би-Би-Сӣ гузориш омода месохт ва мо хостори озодии ҳарчӣ зудтари ӯ ҳастем. Дар иттилоия зикр мегардад, ки «мо бовар надорем, ки Усмонов узви «Ҳизб-ут-Таҳрир» бошад, зеро ӯ бо дархости идора дар бораи муҳокимаи додгоҳии аъзоёни ин созмони сиёсии мамнӯъшуда гузоришу хабарҳо таҳия мекард».

Ёдрас мекунем, ки кормандони милиса хабарнигори Би-Би-Си Ӯрунбой Усмонови 60-соларо дар таърихи 14-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд боздошт карданд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ мегӯяд, ӯ ба узвият дар ҳизби фаъолияташ манъшудаи «Ҳизб-ут-Таҳрир гумонбар дониста шуда, соли 2009 ихтиёрӣ ба сафи ин ҳизб шомил ва ба таблиғоти афкори моҳияти ифротгароидоштаи ин ҳаракат дар шабакаҳои Интернет машғул будааст. «Боздоштшуда ба паҳн кардани варақаву адабиёти дорои хусусияти ифротгароӣ низ даст дошта, аз сокинони вилоят даъват ба амал меовардааст, ки ба сафи «Ҳизб-ут-Таҳрир» бипайванданд», - гуфт Асадуллоев.