Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — | Роҳбари созмони вилоятии рӯзноманигорон ба Урунбой Усмонов ва муфаттиши қазияи ӯ мулоқот кард

Тавре аз Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд, раиси созмони Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Илҳоми Ҷамолиён бо рӯзноманигори дастгиршуда Урунбой Усмонов ва муфаттиши парвандаи ӯ Саид Саймуддинов вохӯрӣ анҷом дод.

 Вохӯрӣ нимаи аввали рӯзи 18 июн бо супориши роҳбарияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар бинои раёсати Кумитаи давлатии амнияти ҶТ дар вилояти Суғд барпо гашт.

 Дар ҷараёни сӯҳбат бо муфаттиш Саид Саймиддинов, И.Ҷамолиён оид ба ҳолати дастгир намудани Урунбой Усмонов пурсон шуд. Муфаттиш хабар дод, ки дар ҷараёни гузарондани чорабиниҳои фаврии тафтишотӣ роҳбари дастгиршудаи ҳизби мамнӯъи «Ҳизб-ут-таҳрир» дар вилояти Суғд Абдунабӣ Абдуқодиров ва узви фаъоли ҳизби мазкур Яҳёхон Раҳмонхоҷаев баёнот додаанд, ки онҳо бо супориши амири «Ҳизб-ут-таҳрир» Шариф Ёқубов (тахаллусаш «Абдулло») бояд бо нафаре бо номи Урунбой робита барпо мекарданд. Дар заминаи нишондодҳои мазкур маълум шуд, ки Урунбой ҷонибдори «Ҳизб-ут-таҳрир» буда, аз аъзои ҳизби мазкур ба таври пайваста адабиёт ва дигар нашрияҳои «Ҳизб-ут-таҳрир»-ро дастрас мекардааст.

 «Дар ҷараёни гузарондани чорабиниҳои фаврӣ муқаррар карда шуд, ки Урунбой роҳбари бунгоҳи хабарнигорони Би-Би-Си дар вилояти Суғд Усмонов Урунбой будааст. Дар асоси маводи мавҷуда рӯзи 13 июни соли ҷорӣ бо гумони робита доштан ба «Ҳизб-ут-таҳрир», ки фаъолияти он дар ҳудуди ҶТ бо Қарори Суди Олии ҶТ манъ карда шудааст, У.Усмоновро коркунони мақомоти амният боздошт карданд. Дар ҷараёни пурсиш Урунбой Усмонов эътироф намуд, ки вай моҳи феврали соли 2010 бо амири «Ҳизб-ут-таҳрир» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Ёқубов шинос шуда, минбаъд бо ӯ мудом робита доштааст. Вай инчунин адабиёти динию экстремистии «Ҳизб-ут-таҳрир»-ро аз аъзои ҳизб, аз ҷумла аз Яҳёхон Раҳмонхоҷаев дастрас мекардааст. «Ман қатъиян хилофи он ҳастам, ки гӯё дастгир шудани У.Усмонов ба фаъолияти касбиаш дахл дошта бошад», - гуфт муфаттиш С.Саймуддинов ба роҳбари созмони рӯзноманигорони вилоят.

 Сарчашма инчунин хабар дод, ки шӯъбаи тафтишотии Раёсати Кумитаи давлатии амният дар вилояти Суғд тибқи моддаҳои 306, прим. 3 қисми 2 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, рӯзи 15 июн барои ба ҳабс гирифтани Урунбой Усмонов иҷозат гирифта шудааст.

 «Дар сӯҳбат бо намояндаи тафтишот мо инчунин масъалаҳои ба парвандаи мазкур роҳ додани адвокатро ҳам баррасӣ намудем, - гуфт И.Ҷамолиён. – С.Саймуддинов тасдиқ намуд, ки гумонбаршаванда гӯё аз ҳуқуқи ҳимоя шуданаш ба таври хаттӣ даст кашидааст. Бо вуҷуди ин, муфаттиш рӯзи ҷумъа бо адвокат Ф.Воҳидова вохӯрда, рӯзи душанбе вохӯрии вакили мудофеъ бо У.Усмонов таъин шудааст».

 Илҳом Ҷамолиён инчунин хабар дод, ки дар ҷараёни мулоқоти кӯтоҳмуддаташ бо Урунбой Усмонов бо ӯ дар мавриди масъалаи мазкур сӯҳбат дошт ва худи журналист тасдиқ намуд, ки дар ҳақиқат аз ҳуқуқи ҳимоя аз чониби адвокат ба таври хаттӣ даст кашидааст.

 «Вай маъюс менамуд, дар ӯ осори лату кӯб дида намешуд ва мудом такрор мекард: «хато кардам, хато кардам, онҳоро чашми дидан надорам, суханонамро ба ҳама расонед», - ба таври мухтасар таассуроташро аз вохӯрии мазкур баён кард Илҳом Ҷамолиён. – Ман аз журналист пурсида натавонистам, ки ӯ дар кадом амалаш хато кардааст ва бо таманнои риояи меъёрҳои мурофиавӣ нисбат ба журналист У.Усмонов бинои Раёсати Кумитаи давлатии амнияти ҶТ дар вилояти Суғдро тарк кардам».

 Хотиррасон мекунем. ки хабарнигори хадамоти ӯзбекии радиои Би-Би-Си Урунбой Усмонов рӯзи 13 июн дар шаҳри Хуҷанд дастгир карда шудааст. Як рӯз баъд ВКД Тоҷикистон хабари зеринро интишор дод: «Урунбой Усмонов соли 2009 бо ихтиёри худ ба сафҳои «Ҳизб-ут-таҳрир» пайваста, ба воситаи Интернет дар вилоят ба тарғибу ташвиқи ғояҳои ҳизби мазкури экстремистӣ машғул шуда, варақаҳо ва китобҳои хосияти экстремистидошта паҳн карда, сокинони вилоятро ба узви «Ҳизб-ут-таҳрир» шудан даъват менамудааст».