Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — | Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони маорифи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)-ро, ки дар шаҳри Душанбе барои ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони маорифи кишварҳои аъзои ин созмон ба ҳам омадаанд, ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкориҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи маориф баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Э. Раҳмон маорифро ососи пешрафту тараққиёт дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа номида, ҳавасмандии устувори Тоҷикистонро ба рушди равобити судманд бо кишварҳои фазои пасошӯравӣ дар ин ва дигар самтҳо таъкид намуд.
Зимни сӯҳбат ҳавасмандии кулли кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба густариши ҳамкорӣ, аз ҷумла омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар, табодули омӯзгорону донишҷӯён, тадқиқоти муштараки илмию техникӣ ва омода сохтани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯй таъкид гардид.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста