Душанбе. 22-юми июн. «Азия-Плюс» — | Мақомоти шаҳрдории пойтахт ба ифтихори таҷлили ҷашни 14-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллии Тоҷикистон баргузории як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, шоми 26 июн дар КВД «Наврӯзгоҳи пойтахт» барномаи театрикунонидашудаи «Файзи ваҳдат» баргузор мешавад. «Рӯзи 27 июн дар боғҳои истироҳату фароғати «Дӯстии халқҳо», ба номи Садридддини Айнӣ, А. Мироненко ва майдони 800-солагии Москва сайру гашти оммавӣ в консертҳои идона доир гардида, ба сокинони пойтахт ярмарка-фурӯши маҳсулотҳои қаннодӣ пешкаш мешавад», - гуфт ӯ.
Ба қавли мавсуф, ғайр аз ин, ба муносибати ҷашн дар боғҳои фароғату истироҳати пойтахт барои собиқадорон ва оилаҳои камбизоат дастурхони идонаи мақомоти шаҳрдории Душанбе ороста мегардад.
Ёдрас мекунем, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 27-уми июн ҳамчунин Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон санаи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав миёни ҳукумати вақти Тоҷикистон ва собиқ Иттиҳоди мухолифини тоҷик ба имзо расида буд.
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста