Қӯрғонтеппа. 22-юми июн. «Азия-Плюс» — | Мақомоти раҳбарии масҷиди марказии шаҳри Қӯргонтеппа эълон кард, ки дар мадрасаи назди масҷид барои кӯдакони аз синни 7-сола боло курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши ислом ифтитоҳ мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз масҷиди мазкур хабар дод, ин курсҳо ба хотири он ташкил карда шудаанд, ки «наврасону кӯдакон дар давраи таътил ба беҳудагардиву корҳои ношоям даст назада, дар ин ҷо бо асосҳои улуми ислому шариат аз наздик ошно гарданд». «Кӯдакон бо розигии падару модаронашон ба курсҳо қабул гардида, аллакай даҳҳо нафар ба омӯзиш шурӯъ карданд», - гуфт ӯ.
Манбаъ афзуд, тасмими мазкур ҳамчунин бо мақсади пешгирии таълимоти ғайриқонунии ислом аз ҷониби ашхоси ноогоҳ, ки саводи казоии динӣ ва иҷозатномаи дахлдор надоранд, низ рӯйи кор омадааст.
Зимнан таъкид бояд намуд, ки тайи чанд моҳи ахир додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа 4 нафар сокини шаҳрро барои роҳандозии таълимоти ғайриқонунии динӣ дар хонаҳояшон ба ҷазои маъмурӣ маҳкум кард.
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста