Душанбе. 23-юми июн. «Азия-Плюс» — | Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Йошихиро Накаяма се лоиҳаҳоеро, ки аз ҷониби ҳукумати Ҷопон дар ноҳияҳои Рашту Тавилдара татбиқ шуданд, қабул кард.

Тавре аз сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, Ҳукумати Ҷопон барои се лоиҳа - яке дар соҳаи маорифи ноҳияи Рашт ва ду лоиҳа дар соҳаи кишоварзии ноҳияи Тавилдара 269 ҳазору 545 доллари ИМА кӯмаки бебозгашт расонид.

«Лоиҳа оид ба муҷаҳҳаз гардонидани ноҳияи Рашт бо таҷҳизоти мактабӣ» ба маблағи умумии 95 ҳазору 809 доллари ИМА, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ маблағгузорӣ шуда буд, муваффақона ба итмом расид. Тавассути лоиҳаи мазкур 62 макотиб бо таҷҳизотҳои мактабӣ ба миқдори 1ҳазору 163 мизу курсӣ ва 109 адад тахтаи синфӣ муҷаҳҳазонида шуд. Зиёда аз 13 ҳазору 400 нафар талабагони  ин мактабҳо баъди муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоти нав, имкони таҳсил дар шароити беҳтарро дастрас менамоянд.

Ба иттилои манбаъ, ҳукумати Ҷопон барои «Лоиҳаи барқарорсозии канали обёрӣ дар деҳаи «Сари Ҷангал»-и ҷамоати «Тавилдара», ноҳияи Тавилдара» ба маблағи умумии 91 ҳазору 574 доллари ИМА кӯмаки бебозгашт намуд. Тавассути лоиҳаи мазкур 4,4 км канал барои обёрии 50 га заминҳои кишоварзӣ дар мавзеи кӯҳистон барқарор шуд. Баъди анҷоми лоиҳа дар заминҳои кишоварзии аз нав обёригашта меваю сабзавотҳои гуногун парварииш меёбанд. Афзоиши ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ дар ин мавзеъ боиси афзоиши даромади аҳолии маҳаллӣ гашта, дар натиҷа шароити зиндагии аҳолии ноҳияи Тавилдараро беҳтар менамояд.

Мақсади «Лоиҳаи беҳтар намудани шароити озуқаворӣ дар ноҳияи Тавилдара» ба маблағи умумии 82 ҳазору 162 доллари ИМА - беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ тавассути таъмини маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Тавилдара  мебошад. Чор гармхона (ҳар яке 164 метри мурабаъ ва дар маҷмӯъ 656 метри мурабаъ) ҳамчун яке аз аввалин технологияи истифодаи гармхона дар маҳалли ҳадафӣ бо хишти аз оҳан насбшуда мустаҳкам гашта, дар деҳаҳои «Шаҳринав» ва «Чилдара» сохта шуданд. Гармхонаҳо шароити мусоид барои парвариши сабзавот дар ҳамаи фасли солро фароҳам меоранд ва аҳолии маҳаллӣ метавонад ҳатто дар фасли зимистон ба маҳсулоти озуқаи ин гармхонаҳо дастрасӣ пайдо намоянд.

Қобили зикр аст, ки кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ташкилотҳои байналмиллалии ғайридавлатии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 инҷониб дар Тоҷикистон барои бахши аъзами аҳолӣ 267 лоиҳаҳои кӯмаки башариро ба маблағи умумии 19.3 миллион доллари ИМА амалӣ намудааст.