Соли 2017 беш аз 181 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия хориҷ карда шуданд. Инҳо асосан касоне буданд, ки қонунҳои ҳузур дар қаламрави Русияро риоя накардаанд. Muhojir.news.tj доир ба сабабҳои асосии манъи вуруд ва роҳу воситаҳои бекор кардани он маълумот медиҳад.  

Муҳимаш дар хотир дошта бошед, ки агар шумо  ду маротиба ҷазои маъмурӣ гирифта бошед, аз ҷумла барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, равуои бепул дар метро, пас низоми Хадамоти федералии муҳоҷирати ВКД Русия шуморо ба рӯйхати шаҳрвандони хориҷии вурудашон манъ ба Русия шомил мекунад

Ҳамчунин дар хотир дошта бошед, ки ба Русия омада, шумо бояд патент гиред ва бо корфармо шартнома бандед. Агар дар муҳлати 30 рӯз патент нагиред, 15 ҳазор рубл ҷарима мешавед ва ин маънои онро дорад, ки шумо аллакай як ҷазои маъмурӣ доред ва дар сурати боз як ҷазои маъмурии дигар, низом метавонад вуруди шуморо ба муҳлати аз 3 то 5 сол манъ кунад.

Ғайр аз ин, агар қарори манъи вуруди шумо содир шуда бошаду шумо қаламрави Русияро тарк накунед, хавфи вуруди манъи 10-сола бештар мешавад. Дар ин ҳолат бояд ба суроғаи шумо огоҳинома ояд. Аз ин рӯ, дар суроғаи қайди муҳоҷират зистан муҳим аст.

Дар шарҳу тавзеҳатон зери мавод ба мо дар бораи чунин ҳолатҳо маълумот диҳед. Вуруди шуморо манъ карда буданд? Чӣ гуна онро бекор кардед ё муҳлати анҷоми онро интизор шудед?

Кӣ вурудро манъ карда метавонад?   

Номгӯи вазорату идора ва ниҳодҳое, ки вуруд ба Русияро манъ карда метавонанд:

- ВКД Русия

- Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Русия.

 - Хадамоти федералии анмияти Русия

- Вазорати мудофиаи Русия

- Росфинмониторинг

- Хадамоти иктишофи берунаи Русия

- Вазорати адлияи Русия

- ВКХ Русия

- Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовар

- Роспотребнадзор

- Агентии федералии тиббӣ-биологии Русия

Барои донистани сабабҳои манъи вуруд шумо метавонед ба Сарраёсати масъалахои муҳоҷирати ВКД Русия муроҷиат намоед. Агар дар берун аз қаламрави Русия қарор дошта бошед, пас бояд шахси боэътимод дошта бошед, то ки дар ин кор ба шумо кумак кунад.


Чаро вурудро манъ карданд?

Манъи вуруд ба Русия ба шаҳрвандони хориҷӣ мувофиқи қонуни федералии №144 «Дар бораи тартиби хориҷ шудан аз Русия ва ворид шудан ба Русия» сурат мегирад, ки дар ҳолатҳои зерин мавриди истифода қарор гирифта метавонад:

* Агар шаҳрванди хориҷӣ муҳлати тибқи қонун муқаррашудаи ҳузур дар Русияро риоя накарда, саривақт қаламрави Русияро тарк накунад, дар ҳолати аз 1 то 90 рӯз будани ин муҳлат ӯро – 3 сол, то 180 рӯз – 5 сол ва то 270 рӯз – то 10 сол манъи вуруд интизор аст, ки дар ин ҳолат асос барои қабули қарор риоя нашудани тартиби будубош дар Русия мешавад.

* Агар шаҳрванди хориҷӣ пардохти маблағи патентро ба таъхир андозад ё андозро бо реквизитҳои нодуруст пардохт кунад, патент ба таври автоматӣ бекор шуда, шаҳрванд аз ҳуқуқи кор ва ҳузур дар Русия ба муҳлати беш аз 90 рӯз маҳрум мешавад ва ин яке аз сабабҳои маъмули манъи вуруд ба Русия аст, яъне ҳузур бо патенти ғайриҳаққонӣ.

* Агар шаҳрванди хориҷӣ чандин бор (2 ва зиёда аз он) бор ҷазои маъмурӣ гирад, масалан ҳатто барои содир кардани қонуншиканиҳои хурду начандон назарраст, аз қабли саривақт ба қайд нагузоштан, истеъмоли тамоку ва машрубот дар ҷойҳои манъшуда ва ғайра.

* Агар шаҳрванди хориҷӣ дар бораи худ маълумоти бардурӯғ пешниҳод карда бошад.

* Агар зимни убури сарҳад қоидаҳои гумрукӣ ва санитарӣ риоя нашуда бошад, то бартараф сохтани онҳо вуруд манъ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, вуруд дар чунин ҳолатҳо бидуни шакку шубҳа манъ мешавад:

* Агар замони ҳузури пешина нисбати шаҳрванди хориҷӣ расмиёти истирдод (реадмиссия) анҷом ёфта бошад -  бо ин асос вуруд ба муҳлати се сол манъ мешавад.

* Агар ӯ барои ҷинояти барқасдона новобаста аз дар куҷо содир шудани он – дар Русия ё берун аз ҳудуди он маҳкум шуда бошад (доғи судӣ дошта бошад).

* Агар ӯ бастаи нопурраи ҳуҷҷатҳоро пешниҳод карда бошад ё барои кору зиндагӣ дар қаламрави Русия маблағи кофӣ надошта бошад.

* Агар шаҳрванди хориҷӣ ҳуҷҷатҳои қалбакиро истифода бурда, дар бораи номақбул будани вурудаш ба Русия қарор содир шуда бошад.

* Агар шаҳрвнади хориҷӣ ҷаримаву андозро пардохт накарда бошад ё аз пардохти маблағи истирдоди пешинааш аз Русия саркашӣ карда бошад.

* Агар ӯ дар қаламрави Русия беш аз 90 рӯз ҳар нимсола ҳузур дошта бошад, бо ин асос вуруди ӯ ба ин кишвар ба муҳлати 3 сол манъ мешавад.

* Агар нисбати шаҳрванди хориҷӣ дар бораи истирдод, ихроҷ ё ба ихтиёри дигар давлат супурдан тибқи шартнома қарор қабул шуда бошад, манъи вуруд 5 сол амал мекунад. Агар чунин қарор чандин бор содир шуда бошад, пас муҳлати манъи вуруд 10 сол мешавад

Манъи вуруд ба Русияро чӣ гуна метавон бекор кард?

Асосҳои бештар маъмули бекор кардани манъи вуруд, ки шаҳрванди хориҷӣ бо истифода аз онҳо ҳуқуқи ҳузури худро дар Русия барқарор карда метавонад:

* Агар ҳамсар волидон ва фарзандони қонунӣ шаҳрванди Русия бошанд. Бародарон, хоҳарон, бобо ва бибиҳо шаҳрванди Русия буда, шумо бо ҳуҷҷат ҳамзистӣ, сарбонӣ ва ғайра бо онҳоро собит наомед. Дар сурати ҳатто Ҳуҷҷати иҷозати зист (ВНЖ) доштани шахсони наздик.

* Дар сурати фаъолияти шаҳрванди хориҷӣ бо патент ё иҷозатномаи кор. Манъи вуруд бекор мешавад, агар қонуншиканӣ дар замони амали патент бошад ва саривақт дубора бақайдгириву пардохти маблағи он.

* Агар шаҳрванди хориҷӣ Ҳуҷчати иҷозати зист ё иҷозатномаи зисти муваққатӣ дар Русия дошта бошад, манъи вуруд бекор шуда метавонад.

* Таботи таъҷилӣ низ барои бекор шудани манъи вуруд асос шуда метавонад. Дар кадом муассиаи тибби Русия табобат гирифтанатонро бояд исбот кунед.

* Таҳсил дар муассисаи таълимии Русия, ки аз ҷониби давлат ба қайд гирифта шудааст, низ барои манъи вуруд асос шуда метавонад.

* Ҳамаи асосҳои манъи вуруд бояд ҳатмӣ ҳуҷҷатгузорӣ шаванд. Ҳуҷҷатҳои дар хориҷи Русия додашуда ҳатман бояд аз ҷониби тарҷумони русиягӣ тарҷума ва дар идораи нотариалӣ тасдиқ шуда бошанд.

Шикоят аз болои манъи вуруд: дастури зина ба зина

Дархости расмӣ ба Сарраёсати масъалахои муҳоҷирати ВКД Русия оид ба шарҳи сабаби манъи вуруд ва муҳлати амали он. Дархост шахсан ё тариқи шахси боэътимод пешниҳод шуда метавонад. Тариқи сомонаи ВКД Русия низ метавон дархост ирсол намуд.

Дарёфти онлайн-қисмати Қабули муроҷиати шаҳрвандон ва ташкилотҳо, боз  гӯшаи Сарраёсати масъалаҳои муҳоҷирати ВКД Русия ва минбаъд амал кардан бо дастури он.

Баъди шарҳ аз назар гузаронидани мавҷудияти ҳамаи асосҳо барои бекор кардани манъи вуруд. Агар бошад, тасдиқ бо ҳуҷҷатҳо, тарҷума ва тасдиқи нотариалии он.

Агар асосҳои кофӣ набошанд, мувофиқи сабабҳое, ки дар ВКД Русия онро шарҳ додаанд, амал кардан зарур мебошад.

а) Агар нисбати шаҳрванди хориҷӣ аз ҷониби кормандони ягон шуъбаи ВКД Русия амалҳои ғайриқонунӣ сурат гирифта бошанд, ба номи роҳбари мақомоти болоӣ шикоят кардан лозим аст.

б) Дар бораи бекор шудани манъи вуруд ба Русия ба мақомоти минтақавии ВКД ариза навишта, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро пешниҳод намудан зарур аст.

в) Агар аз ВКД посух наояд, ба суд муроҷиат кардан лозим аст. Дар ин ҳолат шумо бояд дар мавриди амалҳои ғайриқонунии кормандони хадамоти муҳоҷират асосҳои қавӣ дошта бошед.

Агар манъи вуруд бо хатогии корманди ВКД, маълумоти носаҳеҳ ва пештар ба инобат нагирифтани асосҳо барои бекор шудани манъи вуруд, масалан, хешовандон – шаҳрванони Русия, муолиҷа ё таҳсил, сурат гирифта бошад, пас ВКД ҳам метавонадл онро бекор кунад.

Шикоят нисбати бекор кардани манъи вуруд аксаран дар суд баррасӣ мешавад ва ба қарори ниҳоӣ омилҳои зиёде, аз ҷумлда вазъи зиндагии шаҳрванди хориҷӣ, робитахои хешутабории ӯ, вазъаш дар ватан ва дигар омилҳо таъсир мерасонанд.

Муҳлати баррасии парвандаи манъи вуруд ба Русия

Маъмулан чунин парванда бо назардошти вақти зарур барои ВКД ФР ҷиҳати баррасии аризаи бекор шудани манъи вуруд маъмулан на камтар аз як моҳ барраси мешавад.

Дар регламенти ВКД муҳлати баррасии ин гуна парванда на камтар аз 30 рӯз муқаррар шуда, аз ин рӯ ҳушёр бошед, агар ба шумо 3 рӯз пешниҳод кунанд, пас онҳо қаллобонанд.

Аз куҷо метавон аз манъи вуруд огоҳ шуд?

Имрӯзҳо зимни хариди фурӯши билети ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон тариқи низоми онлайни ВКД Русия манъи вуруд доштан ё надоштани шаҳрвандон санҷида мешавад. Ҳар нафаре ҳам бо ворид шудан ба сомонаи ВКД ва пур кардани хонаҳои холии сервис бо маълумоти худ онро санҷида метавонад.

Агар посух манфӣ бошаду низом нишон диҳад, ки ба шумо вуруд манъ нашудааст, дар ҳамин ҳолат ҳам ин кафолати эътимоднокии маълумот буда наметавонад, зеро дар ин низом метавон танҳо дар бораи манъи вуруд аз ВКД Русия маълумот дарёфт кард.

Тавре дар боло гуфтем, дигар мақомот низ вурудро манъ карда метавонад. Аз ин рӯ, ҳолатҳое кам нестанд, ки шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия омада, дар фурудгоҳ огоҳ мешавад, ки вурудаш манъ аст, ҳарчанд дар сомонаи ВКД инро санҷида буд. Дар ин ҳолат ӯ бояд ба ватан баргашта, кӯшиш кунад, ки дар куҷо ва бо кадом сабаб вурудаш манъ шуданашро бифаҳмад ва талош варзад, ки онро бекор кунад.

Хатои маъмулии шахсони вурудашон манъшуда

Иштибоҳи маъмулӣ он аст, ки вақте шахс инро фаҳмида, бо тағйири маълумоти шиноснома боз ба Русия рафтанӣ мешавад, бояд дар хотир дошта бошад, ки агар ному насабашро дар шиносномаи нав иваз кунаду ӯро бо ин гумон боздошт кунанд, пас барои убури ғайриқонуии сарҳад, ба ӯ ҷавобгарии ҷиноӣ таҳдид мекунад. Ин ҷазо аз якчанд моҳ дар муассисаи ислоҳии сукунат то якчанд сол зиндони низомаш шадид буда метавонад.

Шумо шояд гӯед, ки албатта, бисёриҳо маҷбуранд, ки ба чунин амал даст зананд, зеро кор дар Русия ягона воситаи таъмини рӯзгори аксари оилаҳо дар Тоҷикистон мебошад. Лекин ин амал ба ҷазои ногузир боис шуда метавонад, аз ин рӯ, пеш аз ба ин кор даст задан, хуб андеша кунед, худро ба хатар нагузошта, озодиатонро қурбон накунед.