Корти бонкии Низоми миллии пардохти “Корти миллӣ” фаъол шуд. Дар ин бора БДА “Амонатбонк” хабар медиҳад, ки оператори ин низом аст.

Гуфта мешавад,  мушкилоти техникӣ бартараф шуда, дорандагони “Корти миллӣ” акнун аз бонкҳо тариқи он пул гирифта метавонанд.

“Дар ҳолати дучор шудан бо мушкилӣ ва ё нофаҳмӣ ба рақамҳои 1885 занг занед”, - қайд шудааст дар маълумоти “Амонатбонк”.

Ёдрас мекунем, дорандагони “Корти миллӣ” шикоят доштанд, ки аз аввали ҳафта ба пардохти пули маҳсулоту хизматрасониҳо бо ин кортҳо имкон надошта, инчунин аз кортҳо пули нақд гирифта наметавонистанд.

Дар Маркази протсессингии низоми пардохти “Корти миллӣ” рӯзи 12-уми май ба “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки мушкилоти техникӣ пайдо шуда, мутахассисон ба бартараф кардани он машғуланд.

Нимаи дуюми рӯзи гузашта чанде аз дорандагони кортҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки ба маблағҳои худ дар ин корт пурра дастрасӣ доранд, ҳарчанд дар “Амонатбонк” қайд карда буданд, ки мушкил қисман ҳал шуда, танҳо хизматрасонии Amonat Online ва SMS-Payamak фаъол аст, лекин аз корт пули нақд гирифта намешавад.

Қобили зикр аст, ки ҳамаи кормандони буҷет ва нафақахӯрон маош ва нафақаҳои худро танҳо тариқи “Корти миллӣ” мегиранд. Дар ин рӯзҳо онҳо ба гирифтани пулҳои худ имкон надоштанд.

Тибқи маълумоти “Амонатбонк”, кортҳои бонкии низоми миллии пардохти “Корти миллӣ” ба ҳамаи хоҳишмандон дода мешаванд. Ин кортҳоро дар дохили Тоҷикистон метавон истифода кард. Ҳамчунин онҳо барои амалисозии лоиҳаҳои музди меҳнат бо ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун истифода мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.