Сар аз имрӯз Маркази миллии тиббии “Шифобахш” (Қарияи Боло) ба реҷаи муқаррарии фаъолият баргашт.

Тавре ба “Азия-Плюс” директори “Шифобахш” Хизматулло Шамсзода хабар дод, беш аз 1250 нафар беморони коронавирус дар марказ бистарӣ шуда, табобат гирифтаанд.

“Ҳозир шумори муроҷиатҳо кам шуда, касоне, ки бистарӣ шуда буданд, аллакай шифо ёфтанд. Бо пешниҳоди Вазорати тандурустӣ, 5 бемори боқимонда ба Маркази саломатии ба номи Карим Аҳмадов (1-ум Советский) гузаронида шуданд”, - гуфт ӯ.

Дар баробари холӣ шудани шуъбаҳо, дар онҳо корҳои безараргардонӣ ва коркарди санитарӣ гузаронида шуданд.

“Имрӯз аз хадамоти санитариву эпидемиологӣ иҷоза гирифта, ба реҷаи муқаррарии фаъолият баргаштем. Акнун ҳар кадоме аз шуъбаҳо бо самти таъингардидаи худ фаъолият мекунанд”, - иброз дошт Шамсзода.

Зимнан зикр шуд, ки дар маркази “Шифобахш” ду изолятор (ҳуҷраҳои ҷудонигаҳдорӣ) омода шудааст, ки дар сурати муроҷиати беморони COVID-19 ба онҳо кумаки аввалия расонида мешавад.

“Дар ин ҳуҷраҳои ҷудонигаҳдорӣ ба онҳо кумаки аввалияи тиббӣ расонида шуда, сипас ин беморон ба дигар марказҳое, ки дар онҳо ба табаобати бемории коронавирус идома медиҳанд, гузаронида мешаванд”, - илова кард директори “Шифобахш”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.