Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо (GIZ) Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ аксияи фосилавии (онлайнӣ) “моҳи амал оид ба рушди иқлими сабз” -ро эълон менамояд.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) “амалиёти моҳонаро оид ба рушди иқлими сабз, ҳамчун бахши шарикӣ бо ҳадафи тақвияти ҳамкорӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи гуногунии биологӣ тибқи уҳдадориҳои Созишномаи байналмилалии Париж оид ба тағйирёбии иқлим ва Конвенсияи гуногунии биологӣ оғоз менамояд.
“Моҳи амал оид ба рушди иқлими сабз” санаи 24 октябри соли 2020 оғоз шуда, бо як қатор тадбирҳои фосилавӣ, аз қабили мусобиқаҳои ҳунарӣ, викторинаҳо, силсилаи подкаст ва маърӯзаҳои коршиносон идома ёфта, бо баҳсҳои зинда бо иштироки намояндагони идораҳои дахлдори давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва ҷомеаи байналмилалӣ санаи 20 ноябри соли 2020 ба поён мерасад.
“Моҳи амал оид ба рушди иқлими сабз” бар пояи эҷоди тафаккури пешрафта оид ба масъалаҳои муҳити зист, тағйирёбии иқлим дар сатҳи ҷаҳон рӯйи даст гирифта шудааст. Ҳадафи ташаббуси номбурда боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ ва огоҳӣ оид ба масъалаҳои мазкур буда, аз тариқи чорабиниҳои фосилавӣ дар саросари Тоҷикистон ва берун аз он дастрас мебошанд.Чорабиниҳои мазкур дар доираи амалисозии мавзӯъҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист ва иқлим бо санадҳои миллии кишвар мутобиқ мебошанд.
Тағйирёбии иқлим оқибатҳои коҳишёбии муҳити зистро шиддат бахшида, ба баъзе бахшҳои иқтисодии Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, зарур аст дар раванди банақшагириҳои соҳавӣ мисли тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва муҳоҷират ин масъала ба инобат гирифта шавад.
Илова бар ин пандемияи бемории сироятии ковид 19 натиҷаҳои таъсири ногувори худро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷаҳон нишон дод.
Ба иловаи таъсирҳои мустақими он дар низоми тандурустӣ, таъсири бевосита ба раванди ҳаёти мо низ дорад, бахусус рӯ овардан ба воситаҳои электронӣ далели ин гуфтаҳо мебошанд. Чораҳои саривақтии зарурӣ ҳамроҳ бо тадбирҳои коҳиши таъсири буҳрони ҳозира кафолат ба таъмини амнияти муҳити зист ва ояндаи устувор барои мардуми Тоҷикистон мебошанд.
GIZ ба намояндагӣ аз Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд ва Вазорати Муҳити зист, ҳифзи табиат ва амнияти ҳастаӣ, идораи устувори захираҳои табииро бо шарикони миллӣ ва маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад. Тавассути чанд лоиҳа, талошҳои якҷоя ҷиҳати ҳимояти муҳити ягона ва қиммати Осиёи Миёна, боло бардоштани сатҳи зиндагӣ дар деҳот ва тобоварии физикӣ ва иҷтимоияшонро тақвият бахшад.
Дар чорабиниҳои “моҳи амал оид ба рушди иқлими сабз” иштирок намо ва дар нигоҳ доштани иқлими муътадили Тоҷикистон саҳмгузор бош! Маълумоти бештар роҷеъ ба чорабинӣ ва иштирок дар онро метавонед дар сомонаи https://www.facebook.com/tajnature.tj, http://tajnature.tj/ пайдо намоед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Даромади муҳоҷирони тоҷик дар Маскав чӣ қадар аст?
Як шаҳрванди Тоҷикистонро барои бознашри навори ҳамла ба "Крокус" ва шарҳ дар зери он боздошт кардаанд
Андрей Серенко: доир ба амалҳои террористӣ Маскавро ду моҳ пеш огоҳ карда буданд
Як ниҳоди назди Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, вазъи муҳоҷирон дар Русия “тағйир наёфтааст”
Дар Қирғизистон Райимбек Матраимов ва се бародарашро ҳабс карданд
“Ҳамаро бурданду аз хоҳараш дарак нест”. Пайвандони Фаридуни Шамсиддин дар куҷоянд?
Дар Тоҷикистон боз борон мебораду ҳаво сард мешавад
Сиёсатмадори қирғизе, ки санади қитъаи марзӣ бо Тоҷикистонро имзо карда буд, озод шуд
Дар ҳолати таҳдиду зӯроварӣ дар Русия тоҷикон ба куҷо метавонанд муроҷиат кунанд?
“Иҷора намедиҳанд”, “Корхонаро оташ заданд”, “Ба мошин намешинанд”... Афзоиши фишор ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста