Asia-Plus фасли нави лоиҳаи "Тавоноӣ дар чист, хоҳар?" ("В чем сила, сестра?")-ро пешниҳод мекунад. Агар ба хотир дошта бошед – ин мусоҳибаҳо бо занони тавоно, дурахшон ва муваффақи кишвар буд. Қаҳрамонони мо чизеро матраҳ мекарданд, ки онҳоро ва ҳамчунин ҷомеародар ин рӯзҳо ташвиш медиҳад.
Фасли нави ин лоиҳа бо тоҷикӣ роҳандози шуда, “Нерӯи зан” ном гирифтааст ва муҷрияш ровии шинохта ва мудири радиои Asia-Plus Манижа Аҳмадова аст.
Манижа ба хулоса омад, ки мусоҳибаи аввалро бо муҷрии фасли гузаштаи лоиҳа Маҳпора Киромова баргузор кунад. Маҳпора худ шахси муваффақест, ки соли гузашта корҳои бисёре дар бахши расонаҳо анҷом дод ва паҳлӯйи дигари шахсияти худро муаррифӣ кард.Ӯ ба унвони коргардон чанд филмҳои кӯтоҳи мустанад дар мавзуъҳои мухталифи иҷтимоӣ таҳия карда буд. Дар натиҷагирии соли 2020 бошад Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният ӯро “Беҳтарин ҳомии ҳуқуқи сол” баргузид.
Дар ин барнома мусоҳибон ба ин мавзуъшо пардохтаанд:
Рӯзноманигории иҷтимоӣ – барои матраҳ кардани мушкилоти ҷомеа “рӯзноманигори зан” ба душворӣ рӯ ба рӯ мешавад ё “рӯзноманигори мард”?
Чаро Маҳпора ба таҳияи филмҳои мустанад пардохт?
Корро дар баробари тарбияи се писар чӣ гуна пеш мебарад?
Чаро ӯ пеш духтари орому камсухан буд, имрӯз ӯро чӣ чизе куллан тағйир дод?
Ҳамчунин: оё шеърҳои модарашро аз ёд медонад ва дар кӯдакӣ субҳҳо, вақте аз хоб бедор мешуд чӣ саҳнаеро дар хона мушоҳида мекард?
Матлаби мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. Asia-Plus барои муҳтавои ин нашрия масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ё Internews-ро инъикос намояд.
ASIA-PLUS БА БИЗНЕС-МАҶМААИ REGUS БАРОИ МАКОНИ МУСОҲИБА ИЗҲОРИ МИННАТДОРӢ МЕКУНАД!
Regus иҷораи Дафтарҳои комилан омода, Хона барои гуфтушунид ва Коворкинг пешниҳод мекунад. Бо хизматрасонии пурраи шабонарӯзӣ, бо шартномаи кӯтоҳ - ва ё дарозмуддат. Барои фаъолияти беташвишу натиҷаноки шумо!
Рақам барои маълумоти пурра: +992 988607007
Андрей Серенко: доир ба амалҳои террористӣ Маскавро ду моҳ пеш огоҳ карда буданд
Як ниҳоди назди Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, вазъи муҳоҷирон дар Русия “тағйир наёфтааст”
Дар Қирғизистон Райимбек Матраимов ва се бародарашро ҳабс карданд
“Ҳамаро бурданду аз хоҳараш дарак нест”. Пайвандони Фаридуни Шамсиддин дар куҷоянд?
Дар Тоҷикистон боз борон мебораду ҳаво сард мешавад
Сиёсатмадори қирғизе, ки санади қитъаи марзӣ бо Тоҷикистонро имзо карда буд, озод шуд
Дар ҳолати таҳдиду зӯроварӣ дар Русия тоҷикон ба куҷо метавонанд муроҷиат кунанд?
“Иҷора намедиҳанд”, “Корхонаро оташ заданд”, “Ба мошин намешинанд”... Афзоиши фишор ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Ба бофандагон, дӯзандагон, кулолгарон... Дар Суғд ба 60 зани ҳунарманд грант медиҳанд
“Бештар хонандагони мактаб мераванд”. Андешаи сокинон перомуни театри тоҷик
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста