18-сола ӯро ба шавҳар доданд. Пас аз 7 моҳ оила барҳам хурд. Вале Нигина гила аз волидайни худу он писар надорад: “Бо хости калонҳо оила барпо кардем, ва бо хоҳиши онҳо чудо шудем”.

Пас аз ин духтари панҷакентӣ роҳ пеш гирифт ба пойтахт, ба амалигардонии мақсаду армонҳо. Ва ин ҳам танҳо пас аз розигӣ гирифтан аз падар.

Ва ӯ тавонист. Бо гузашти 15 сол Нигина Икромиро ҳамчун мутухассиси барҷаста дар соҳаи сайёҳиву ҳунарҳои мардумӣ мешиносанд.

Хатмкардаи Донишкадаи Сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо дипломи сурх, хатмкардаи барномаҳои мухталиф дар ИМА, узви Шурои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузори назди президенти Тоҷикистон, ӯ роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Рушди эҷодии Тоҷикистон» ва ҳамзамон роҳбари корхонаи «Деҳаи Гулзар» – макони ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Ин дам бошад мо кӯшиш кардем, то бифаҳмем, чӣ гуна ин духтар тавонист нашиканад, балки қавитар шаваду ба ин сатҳ бирасад!

Маводи мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. Asia-Plus барои муҳтавои ин нашрия масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ё Internews-ро инъикос намояд.