Корхонаҳои шаҳрҳои Хабаровск, Владивосток, Уляновск ва Краснодари Русия муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистонро ба кор даъват мекунанд.

Тавре дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнати Тоҷикистон хабар медиҳад, ин корхонаҳо ба шахсони синни аз 22 то 50-солаи дорои касбҳои хиштчин, барқчӣ, челонгар (сантехник), рангуборчӣ ва сангчин ниёз доранд.

Гуфта мешавад, тамоми хароҷоти вобаста ба роҳкиро, омода намудани ҳуҷҷатҳои корӣ, ҷои зист ва хӯрок аз ҳисоби кордиҳанда таъмин карда мешавад.

Ғайр аз ин, ба онҳо пардохти музди меҳанти шоистаи аз 45 то 70 ҳазор рубл кафолат дода мешавад.

Хоҳишмандон то 25 сентябр ба суроғаи: шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121 ё тариқи телефонҳои 225 02 21 ва 919 32 01 33 муроҷиат карда метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.