Дар ноҳияи Панҷакент 19 сентябр аввалин ниммарафони ҷумҳуриявии кушод баргузор шуд. Дар ин чорабинии таблиғи варзиш ва тарзи ҳаёти солим на танҳо варзишгарони тоҷик, балки ҳамтоёни онҳо аз Русия, Афғонистон, Қазоқистону Украина ва Туркманистон ширкат варзиданд.

Мусобиқаи давидан дар водии хушманзараи дарёи Шинг қад-қади силсилакӯлҳои кӯлҳои Ҳафткӯл сурат гирифт.

Муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш, қаҳрамони олимпии соли 2016 Дилшод Назаров ба мусобиқа ҳусни оғоз бахшид.

1/15

Дар ниммарафон занону мардони варзишгари касбӣ ва дӯстдорони варзиш иштирок карданд. Ба ғолибон диплом, медал ва мукофотҳои пулӣ (ҷои 1-ум - 500 доллар, ҷои 2-юм - 300 доллар ва барои ҷойи 3-юм 200 доллар) тақдим карда шуд. Инчунин, барандагони ҷоизаҳо бо ҷомҳои раиси шаҳри Панҷакент сарфароз гардонида шуданд.

Нафарони зерин ғолибият ба даст оварданд:

* Зинаи 1-ум - Самариддин Азимов, Маҳина Баротова;

* Зинаи 2-юм - Меҳрубон Шамсидинов, Ҷонона Мирзоева;

* Зинаи 3-юм - Аъзамҷон Давлатов, Саодат Яҳёева.

Байни дӯстдорони варзиш вақти беҳтаринро Денис Дмитриев аз бошгоҳи TJKRUNCLUB нишон дода, марди 60-сола калонсолтарин иштирокчии ниммарафон буд.

Ин чорабинӣ аз ҷониби ҳукумати ноҳияи Панҷакент дар ҳамдастӣ бо Кумитаи ҷавонон ва варзиш, инчунин Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ созмон дода шуд.

Ташкили ниммарафон як дастгирии бахши сайёҳии Панҷакент маҳсуб меёбад, зеро тӯли 2 соли пандемия тиҷорат дар соҳаи сайёҳӣ рӯ ба таназзул овард. Зимнан, мусобиқа хайриявӣ буда, тамоми саҳмҳои иштирокчиён барои маблағгузорӣ ба таъмири бинои Ташкилоти ҷамъиятии “Ирода” (Маркази дастгирии кӯдакони дорои аутизм) сарф карда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.