Имрӯз, 19 октябр, бо қарори Додгоҳи шаҳри Душанбе роҳбари "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия Иззат Амон 9 сол равонаи зиндон гардид. Дар ин бора, вакили дифои Иззат Амон - Саидбурҳон Шарифов ба “Азия - Плюс” хабар дод.
Вакили дифои Иззат Амон гуфт, аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва аз болои қарори он ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.
Шарипов гуфт, Иззат дар сухани охиринаш изҳори пушаймонӣ кард ва гуфт, ки ҳамаи зарарҳоро барқарор кардааст ва бояд додгоҳ ӯро шомили қонуни авфи моҳи сентябр мекард.
«Додгоҳ умуман, қонунҳои амалкунандаи кишвар, аз ҷумла моддаи 49 Кодекси ҷиноятӣ ва моддаи 5 Қонуни ҶТ “Дар бораи авф”- ро поймол карда, ба зерҳимояи ман ҳукм содир кард. Ин ҳукм ғайриқонунӣ аст. Вақте ки қонун амал мекунад, додгоҳ бояд адолатро риоя кунад. Бояд нисбати зерҳимояи ман қонуни авф татбиқ мегардид»,- гуфт Саидбурҳон Шарифов.
Аз ин пештар, вакили дифои Иззат Амон изҳори умедворӣ намуда буд, ки бо эълони афв ба муносибати 30-солагии Истиқлолият парвандаи Иззат Амон шомили афв мешавад. Ӯ гуфта буд, Иззат шонси сад дарсадии афв шуданро дорад.
Саидбурҳон Шарифов ба Азия – Плюс гуфта буд, ки барои талофӣ кардани 12,5 ҳазор сомонии зарари боқимонда мушкилӣ пеш омадааст ва баъди пардохт кардани он Иззат Амон барои татбиқи қонуни авф нисбаташ ариза пешниҳод мекунад.
Иззат Амон, роҳбари "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия рӯзи 25-уми март дар Русия нопадид шуд ва баъдан ВКД Тоҷикистон гуфт ӯро дар Душанбе боздошт ва алайҳи ӯ бо гумони "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз кардааст.
Ба иттилои Додситони кулли кишвар, чанд нафар даъво кардаанд, ки гӯё Иззат Амон онҳоро дар Русия фиреб додааст. Шариф Қурбонзода, сардори Раёсати Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта буд, “ҳаҷми умумии зарари расида ба 12 нафар 630 ҳазор рубли русӣ ва 1000 доллари амрикоиро дар бар мегирад.
Аз Юлдуз Усмонова то Фурқати Саид. Тақдими унвони Ҳофиз ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 10 санъаткори ду кишвар
Аъзои нави тими Рустами Эмомалӣ. Киҳо дар шаҳрдории Душанбе аз вазифа озод шуданд ё мансаби нав гирифтанд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ имзо карданд
Корҳои таъмиру навсозии қитъаи душворгузари роҳи Душанбе - Хоруғ тезонида мешаванд
Боз як ҳолати фавт дар таваллудхонаи вилоятии Суғд
Сохтмони 53 мактаб бо $86 млн қарзи Бонки исломии рушд
Аввалин мулоқоти Шодӣ Ҳафиззода, сардори пешини “УБОП” дар маснади роҳбари дастгоҳи ВКД бо аҳли ҷомеа
Сохтмони Театри Маяковский моҳи май оғоз мешавад ва хароҷоти онро Русия ба зимма гирифтааст
Барои сохтани мактабҳо дар Тоҷикистон аз куҷо метавон беш аз 1 млрд сомонӣ пайдо кард?
Ба имтиҳонҳои муҳоҷирон дар Русия метавонад тағйирот ворид шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста