Маркази исломии тадқиқоти стратегии шоҳигарии Уммон дар ҳамдастӣ бо Маркази ҳусни тафоҳуми мусалмонӣ-насронӣ дар Ҷорҷтаун рӯйхати 500 нафар мусалмонони бонуфузи саросари ҷаҳонро пешкаши умум гардонид. Таҳқиқот ҳамасола аз соли 2009 нашр мешавад.
Дар раддабандии имрӯз, 19 октябр нашршудаи The Muslim 500-2021 бори ҳафтум аст, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода, инчунин пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим Ал-Ҳусайнӣ, ки қисмате аз пайравонаш дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, шомил шудаанд.
Шоҳ Карим Ал-Ҳусайнӣ дар зинаи 30-юми 50-гонаи аввал (ТОП-50), Эмомалӣ Раҳмон ва Саидмукаррам Абдулқодирзода дар феҳристи 450 нафари минбаъда қарор доранд. Ба ин рӯйхат инчунин президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Туркманистон – Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов, Чеченистон – Рамзан Қодиров ва муфтии Ӯзбекистон – Усмон Олимов низ шомиланд.
Дар садри рӯйхати маъруфтарин ва пурнуфузтарин мусалмонони ҷаҳон имсол Амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, Шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибн Абдул-Азиз ва Оятулло Алӣ Хоманаӣ - роҳбари олии Эрон аз соли 1989 ҷойгир шудаанд.
Дар 50-гонаи аввал инчунин президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Покистон Имрон Хон, ҳамлагари тими мунтахаби футболи Миср ва “Ливерпул”-и Англия Муҳаммад Салоҳ зикр шудаанд. Дар охири рӯйхати 50-гонаи аввал роҳбари толибони Афғонистон Мавлавӣ Ҳайбатулло Охундзода қарор дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Боздошти ду мансабдор бо иттиҳоми порагирӣ ва заминфурӯшӣ
Муҳоҷирон бо як патент метавонанд дар якчанд минтақаи Русия кор кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста