То ба ҳолати  20 октябри  соли ҷорӣ дар ҳудуди Тоҷикистон дар асоси нақшаи пешбинишуда 2 млн 632 ҳазору 58 нафар (45,2%) нафар шаҳрвандони мамлакат ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, инчунин вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида  2 млн 106 ҳазору  807 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

Гуфта мешавад, ҳамзамон маъракаи иммунизатсия миёни аҳолии пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе 100,4% иҷро гардидааст.

Зикр мегардад, ки имрӯзҳо сокинони мамлакат бо як масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти хеш муроҷиат намуда, ваксинаи зидди ин беморӣ гирифта истодаанд ва аз ғамхориҳои пайвастаи ҳукумати кишвар хоссатан дар самти саривақт дастрас намудани ваксинаи зидии бемории каронавирус сипосгузории хешро иброз медоранд.

Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон, ки санаи 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18 сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад.

Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.

Маъракаи эмкунии шаҳрвандон аз ваксинаи зидди бемории коронавирус дар Душанбе 25 июн оғоз гардид. Имрӯз дар Тоҷикистон барои эмкунии шаҳрвандон аз ваксинаҳои зерин истифода мешавад: "Спутник V" (истеҳсоли Русия), CoronaVac (Чин), AstraZeneca (Аврупо),  Moderna ва Pfaizer (ИМА).

Дар ҳамин ҳол, давоми як шабонарӯзи охир дар мамлакат ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории  коронавнируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Тавре Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад, дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз  дар кишвар 17086 нафар гирифторони сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 16960 нафар  шифо ёфтаанд. Инчунин аз бемории мазкур 124 нафар шаҳрвандони мамлакат фавтидаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.