Ҳукумати чанде аз вилоятҳои Русия боло бурдани арзиши патент барои муҳоҷирони кориро дар соли 2022 ба нақша гирифтаанд, хабар медиҳанд ВАО-и маҳаллӣ.

Тавре сомонаи omskregion.info менависад, ҳукумати вилояти Омск арзиши патентро аз 3 890 рубл дар як моҳ дар соли 2021 то ба зиёда аз 4 ҳазор рубл дар соли 2022 боло бурданист.

Хабаргузории Regnum иттилоъ медиҳад, ки  нархи патент дар вилояти Тюмен, ки соли 2021 дар як моҳ 5 896 рублро ташкил медод, соли оянда ба 6 203 рубл расида метавонад.

Ба иттилои торнамои Сиб.фм, соли 2022 арзиши патент дар вилояти Новосибирск ба андозаи 247 рубл ё худ 5,6% боло меравад. Соли 2021 нархи он ба 4,428,9 рубл баробар буд.

Хабаргузории interfax-russia бо истинод ба парлумони вилояти Сахалин иттилоъ медиҳад, ки патент барои муҳоҷирони корӣ дар ин минтақа дар сатҳи соли гузашта – 6 741,79 рубл боқӣ хоҳад монд.

Ҳукумати вилояти Магадан ба нақша гирифтааст, ки бинобар сабаби норасоии қувваи корӣ арзиши патентро 3 баробар поин барад, хабар медиҳад vesma.today.

Гуфта мешавад, айни замон арзиши патент дар ин вилоят моҳона 6 710,4 рублро ташкил дода, дар сурати қабули чунин қарор, нархи он то ба 2 312 рубл поин рафта метавонад.

Патент ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ ба фаъолияти корӣ дар қаламрави Русия аст, ки бо тартиби бидуни раводид ба ин кишвар меоянд.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола ҳудуди 2 млн нафар муҳоҷирон бар асоси патент    дар Русия кор мекунанд.

Чанде қабл Федератсияи муҳоҷирони Русия тартиби нави гирифтани патент ва ҷорӣ шудани баъзе қоидаҳои навро дар ин самт шаҳру вилояти Маскав дар навори видеоии худ ба муҳоҷирон шарҳу тавзеҳ дод.

Федератсия хотиррасон мекунад, ки дар сурати пайдо шудани саволу нофаҳмиҳо ба телефонҳои 8 963 997-42-10 ва 8 926 130-75-00 муроҷиат кардан мумкин аст. Ғайр аз ин, паёмҳои электронии худро метавонед ба суроғаи [email protected] ирсол намоед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.