Остеохондроз (буғумдард) - дарди сутунмуҳра аст, ки тибқи маълумоти оморӣ, аз 40 то 90% аҳолии Сайёраи Замин аксаран дар синни 30-35-солагӣ ба он гирифтор мешаванд.

Остеохондроз аз ду калимаи юнонӣ: “остеон”-устухон ва “хондроз”-буғум иборат аст. Таври маълум, сутунмуҳра аз устухончаҳои сутунмуҳра ва диски байни сутунмуҳраҳо ва буғумҳо иборат аст. Саршавии бемории остеохондроз  аз мавзеи оғозаш тадриҷан бо дардҳои шадид дар узвҳои гуногуни бадан, хусусан қисми поёни миён ва гардан мегузарад.

Мо ба физиотерапевти варзида муроҷиат кардем ва ӯ якчанд машқҳоеро нишон дод, ки барои пешгирии ин беморӣ зарур аст ва онҳоро дар хона ё ҷойи кор иҷро кардан мумкин аст. Табиби мо - Парвона Шераева мебошад, ки ба ҳайси физиотерапевт дар Маркази миллии тиббии “Шифобахш” (Қаряи боло) фаъолият дорад. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи Ҳиндустон аст.