Россотрудничество дар Тоҷикистон муҳлати пешниҳоди дархостҳоро барои таҳсил дар мактабҳои олии Русия тибқи квота то 25 ноябри соли 2021 дароз кард.

Бақайдгирии шаҳрвандони Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрвандӣ, аз ҷумла ҳамватанони русиягии муқими Тоҷикистон, ки аз ҳисоби буҷети Русия дар ин кишвар хоҳиши таҳсил доранд, дар низоми иттилоотии education-in-russia.com гузаронида мешавад.

Дар анкета (саволнома) номзадҳо 6 мактаби олиии Русияро интихоб карда метавонанд. Дар Маскаву Санкт-Петербург  ба интихоби на зиёдтар аз 2 мактаби олӣ ва дар як ҳавзаи федералӣ ба интихоби на зиёдтар аз 3 макатби олӣ иҷоза дода шудааст.

Тавсия дода мешавад, ки дархост тариқи компютер пешниҳод гардад.

Машваратҳо бо ҳузури бевосита дар намояндагиҳои Русия аз рӯзи душанбе то ҷумъа дар вақтҳои зерин баргузор мешаванд:  

- соати 15.00 дар Душанбе (гузаргоҳи 1-уми кӯч. Академик Раҷабовҳо, х. 9/1. Гардиши ба рост аз хиёб. Рӯдакӣ назди бинои Вазорати адлияи ҶТ). Тел.: +992 (372) 21 89 47;

- соати 13.00 дар дар Хуҷанд (кӯч. Исмоили Сомонӣ, х. 52). Тел.: +992 (342) 26 02 22.

Дархост мешавад, ки бо дастурамали зина ба зинаи видеоӣ дар бораи бақайдгирӣ бодиққат шинос шавед.

Қобили зикр аст, ки соли хониши 2022-2023 аз Тоҷикистон 750 довталаб ба макотиби олии Русия дохил шуда метавонанд. Ин миқдор яке аз сершумортарин квотаҳо мебошад, ки аз ҷониби ҳукумати Русия ҷудо карда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.