Тибқи маълумоти оморӣ, дар Тоҷикистон имсол ба ҷуз ангур, ҳосили меваю буттамева ба андозаи 10,3% кам шудааст. Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ 303,4 ҳазор тонна ҳосили меваю буттамева ҷамъоварӣ шуда, дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда беш аз 340 ҳазор тоннаро ташкил дода буд.

Дар ҳамин ҳол, ҳосили дигар зироати кишоварзӣ, аз қабили ғалладонагиву сабзавот, полезӣ ва ангур аз нишондиҳандаҳои соли гузашта ба андозаи аз 0,8% то 23,4% зиёдтаранд.

«Сабаби паст шудани ҳосили мева сардии моҳҳои март-апрели соли равон аст, ки ба дарахтони мевадиҳанда, махсусан ба зардолу таъсири манфӣ расонд”, - шарҳ доданд дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.

Анору нок, лимон, шафтолу ва себ дар бозорҳои Душанбе нисбат ба соли гузашта 2-5 сомонӣ қиматтар аст. Хурмою бодом ва писта дар сатҳи нархи соли гузашта қарор дошта, ангуру чормағз 2 сомонӣ арзонтар аст.

Ба гуфтаи кишоварзони минтақаҳо, бар асари болоравии хидматрасонии нақлиёт ба онҳо расонидани маҳсулот ба бозорҳои Душанбе мушкил шудааст.

Боғбон аз ноҳияи Турсунзода Абдухалил Ҳидоятов, ки хурмою анор парвариш мекунад, маҳсулоти худро бо қимати 2-3 сомонӣ ба харидорони яклухт мефурӯшад.

“Агар худам ба бозор барам, хароҷоти роҳ на камтар аз 200 сомонӣ хоҳад буд, - мегӯяд вай. - Ин ба пули 100 кило хурмо баробар аст. Аз ин рӯ, фурӯхтани бор ба миёнаравон ба ман бештар фоидаовар аст”.

Деҳқон аз ноҳияи Шаҳринав Фозил Алимов себу шафтолу ва анҷир парвариш мекунад.

«Дарвоқеъ ҳам, аз сардиҳои баҳорӣ ва инчунин камобӣ дар мавсими обёрӣ ҳосил кам шуд», - гуфт ӯ. -Аз ин рӯ, дар бозорҳо анҷиру шафтолу кам аст".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.