Дар майдони назди шаршараи маҷмааи «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт Фестивали «Оши палав» баргузор шуд.

Дар доираи Фестивал 50 деги ошпазӣ, аз ҷумла 40 адад аз шаҳри Душанбе ва аз ҷониби намояндагиҳои кишварҳои узви ИДМ дар Тоҷикистон 10 дег гузошта шуда, зиёда аз 5 тонна оши палав омода карда шуд.

Дар деги за ҳама калон чор ошпаз 3 тонна оши палав пухтанд.

Барои пухтани 3 тонна ош 270 кг гӯшт, 800 кило биринҷ, 170 литр равған, як тонна сабзии реза, 150 кг пиёз, 30 кг намак, 8 кг зира, 30 кг кишмиши ошӣ, 8 кг лимӯ, 250 кг тухми бедона, 8 кг сирпиёз, 8 кг қазӣ, 8 кг гӯшти хушккардашуда истифода шуд.

1/22

Имсол ошҳои омодашуда тибқи дастури роҳбарияти шаҳрдории пойтахт ба  хонаҳои кӯдакону пиросолон, мактаб-интернатҳо ва қисмҳои ҳарбии пойтахт тақсим карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки оши палав дар қатори беҳтарин намунаҳои фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабтином шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.