Хадамоти консулгарии Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳуҷҷатҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро, ки  дар шаҳри Маскав дар натиҷаи сӯхтор аз даст дода буданд, барқарор намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад, ки 17 нафар шаҳрванди Тоҷикистон - муҳоҷирони меҳнатӣ, ки  дар натиҷаи сӯхтор ҳуҷҷатҳояшонро аз даст дода буданд,  аз ҷониби Хадамоти консулгарии Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ  таъмин гардиданд.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки ҷуброни молу ашёи   талафёфтаи  60 нафар шаҳрванди Тоҷикистон  дар сӯхтор  бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар Русия  аз ҷониби корфармо пардохт гардид.

Рӯзи 20 октябр дар ҳудуди иншооти  сохтмонии  воқеъ дар назди метрои “Рассказовка”-и шаҳри Маскав  сӯхтор ба амал омад. Сӯхтор дар натиҷаи  риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ рух дода буд.

Дар иншооти  мазкур беш аз 100 нафар шаҳрванди Тоҷикистон  тибқи шартнома бо 4 ширкати сохтмонӣ ба кор ҷалб шуда буданд.

Боиси тазаккур аст, ки дар натиҷаи сӯхтор тақрибан 60 нафар шаҳрванди Тоҷикистон  молу ашё  ва зиёда  аз 17  нафар ҳуҷҷатҳояшонро аз даст дода буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.