Вакилони порлумони Тоҷикистон бо ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқваройнкунии маъмурӣ барои поймол кардани гулгашту сабзазори канори роҳу роҳравҳо ҷарима таъйин карданд. Ҳамчунин андозаи ҷаримабандии пиёдагардон барои вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳҳо низ боло бурда шуд. Тарҳи ин тағйиру иловаҳо аз сӯйи ҳукумат ба порлумон пешниҳод шуда буд.

Мансур Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон ба “Азия-Плюс” гуфт, ки муовфиқи тағйироти нав барои поймол кардани гулгашту сабзазорҳои канори роҳҳо аз ним то як нишондиҳанда ё аз 30 то 60 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Ин тағйирот ба моддаи 451 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон ворид шуд.

Ҳамчунин вакилони порлумон бо ворид кардани тағйироти дигар ба ин кодекс ҷаримаи нақзи қоидаҳои ҳаракат аз сӯйи пиёдагардонро  аз 30 то 120 сомонӣ боло бурданд. Пештар барои ин қонуншиканӣ аз 7 то 60 сомонӣ ҷарима баста мешуд.

Рофизода Мирзоамон, муовини Прокурори генералии Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа қонун дар назди вакилон гуфт, мақсади қабули тағйиру иловаҳо таъмини ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, пешгирии ҳодисаҳои нохуши роҳу нақлиёт, баланд бардоштани интизоми иштирокчиён ҳаракат дар роҳ ва нигоҳдории ҷойҳое ки бо мақсади истироҳатӣ ва фароғатӣ пешбинӣ шудааст, мебошад.

- Теъдоди  муайяни ба вуҷуд овардани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт аз ҷониби пиёдагардон дар натиҷаи риоя накрдани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, алалхусус, аз ҷойҳои муқарраргардида нагузаштани онҳо ба амал меояд. Ин амали онҳо боис мешавад, ки ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар қарор диҳанд,- гуфт муовини прокурори генералӣ.

Ба иттилои мавсуф, дар давоми соли ҷорӣ 826 ҳазор ҳуқуқвайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 274 ҳазор адади он аз ҷониби пиёдагардон содир гардидааст.

Ба таъкиди номбурда ҷазоҳои татбиқгардида, ба монанди огоҳӣ ва ҷаримаҳои ночиз ба беҳтар шудани ҳолати риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон муосидат намекунад.

Рофизода аз он изҳори нагиронӣ намуд, ки баъзе шаҳрвандон одоби шаҳрдориро риоя накарда,  минтақаҳои кабудизории шафати роҳ ва алафзори боғро поймол менамоняд ва маҳз ин чиз сабаб шудааст, ки ба қонун банди нав илова карда шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.