Маркази мубориза ва пешгирии бемориҳои ИМА (CDC) Тоҷикисонро ба рӯйхати кишварҳое шомил кард, ки дар онҳо сатҳи хатари сироятёбӣ ба бемории коронавирус маълум нест. 

Ба иттилои манбаъ, дар феҳрасти «номаълум» кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон низ шомил шудаанд.

Аммо Қирғизистон ба феҳристи кишварҳое шомил шуд, ки хатари сирояти COVID-19 дар он ҷо камтар аст, - менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, ки дар сурати ба ин рӯйхат шомил шудани кишварҳо, ба шаҳрвандони ИМА тавсия дода мешавад, ки аз сафар ба он ҷо худдорӣ намоянд.

«Аз сафар ба ин кишвар худдорӣ кунед. Агар шумо маҷбур бошед то вориди ин кишвар гардед, пас бояд пурра ваксина бигиред», -  гуфта мешавад дар иттилоияе, ки Маркази мубориза ва пешгирии бемориҳои ИМА нашр кардааст.

Дар маҷмуъ ба ин феҳрист 39 кишвар ворид шудаанд, ки Камбоҷа, Куриёи Шимолӣ, Яман, Танзания, Тонго, Сурия ва ғайра шомили онанд.

Мақомоти тандурустии Тоҷикистон то кунун ба ин иқдоми мақомоти беҳдоштии ИМА посухе надодаанд.

Тоҷикистон мегӯяд, ки баъди хуруҷи дигарбораи коронавирус дар кишвар, пас аз ду моҳи номнавис нашудани гирифторӣ ба COVID-19, танҳо 15-уми октябр ду ҳолати сироятёбӣ сабти ном шудаасту халос.

Дар маҷмӯъ, аз аввали ҳамагирӣ то имрӯз  дар кишвар 17086 нафар гирифторони сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 16960 нафар  шифо ёфтаанд. Инчунин аз бемории мазкур 124 нафар шаҳрвандони мамлакат фавтидаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.