Шаҳрдории Душанбе аз маҳдудияти об дар бархе минтақаҳои пойтахт  хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, интиқоли об бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ ва барқарорсозии таҷҳизоту иншоотҳо аз соати 08:00 то соати 22:00-и санаи 4 ноябр қатъ мегардад.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки аз шаҳрвандоне, ки дар шаҳракҳои 10, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104 ва 112, маҳаллаҳои Зарафшоон 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Деҳи боло, Буни Ҳисорак, Панҷруд, Лучоби боло ва поён, Қазоқон 1 ва 2, Ободкорон, Бунёдкорон, Зафар, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Ҳаёти нав, Авул 1 ва 2, кӯчаҳои Б. Ҳамдам, А. Навоӣ, Б. Ғафуров, Н. Махсум, Шамсӣ, А. Сино ва Баҳовуддинов зиндагӣ мекунанд, хоҳиш карда мешавад, ки обро захира намоянд.

Ҳамзамон тибқи қарори Рустами Эмомалӣ, раиси ноҳияи Сино, директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе муваззаф гардиданд, ки дар ин давра бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.