Интизор меравад, ба ҷойи фаввораи назди бинои парлумони Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакии Душанбе, гулгашт бунёд шавад. Дар ин бора Ҷамшед Олимов, сухангӯйи шаҳрдории Душанбе ба “Азия - Плюс” хабар дод.

Манбаъ гуфт, ки ин иқдом тибқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе амалӣ мешавад.

Ин изҳори назари шаҳрдории Душанбе дар ҳолест, ки аз дирӯз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри аксҳои рафти тахриби фаввораи назди бинои парлумони кишвар изҳори норозигӣ намуданд. Дар аксҳо дида мешавад, ки аллакай фаввораҳо тахриб шуда, ҷойи онҳо бо хоку шағал пур карда шудааст.

Корбарон аз он изҳори норизоиятӣ кардаанд, ки ин фаввора яке аз ёдгориҳои меъмориҳои таърихии шаҳри Душанбе буда, тахриби он кори муносибе нест.

1/3

Аз ҷумла, таърихдон Ғафур Шерматов бо нашри акси тахриби фаввора изҳори норозигӣ намуда, навиштаст, ки бояд сокинони Душанбе дар робита ба он садо баланд кунанд.

Ба гуфтаи Ғафур Шерматов, ин фаввора моҳи ноябри соли 1975 бунёд шудааст. Тамоми корҳои сохтмонӣ ва унсурҳои лозим барои он дар Комбинату оҳану бетони шумораи 1-и Душанбе анҷом шудаанд. Маҳсулот ва қолабҳои лозим барои бунёди ин фаввора аз сӯйи челонгар-маъмури ин комбинат Иоганн Герб истеҳсолу офарида шудаанд. 

Ба гуфтаи Шерматов, ин фаввора ба ҷуз нақши ороишиву зебосозӣ, ҳамчунин нақши салиқну серунсозии зинаи аввали низоми марказии ҳавои иморатҳои бинои Шӯрои Олӣ ва Шӯрои Вазирони Тоҷикистон Шӯравиро ҳам доштааст. 

Тӯли чанд соли охир, дар шаҳри Душанбе тахриби биноҳое, ки дар солҳои бистум ва сиюми асри гузашта сохта шудаанд, идома дорад. Баъзе аз сокинону муаррихон ба зидди вайрон кардани биноҳои қадимӣ ҳастанд. Мақомот ба ин назаранд, ки зарфияти биноҳои куҳна кайҳо ба поён расидааст ва бояд дар ҷойи онҳо биноҳои бисёртабақаи нав ва мутобиқ ба талаботи муосири меъморию шаҳрсозӣ сохта шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.