Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйироту иловаҳоро ба қонун “«Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон» қабул кард, ки айни замон дар баррасии палатаи болоӣ қарор доранд.

Ба қонун моддаи нав илова шуда, дар он ҳифзи муҳити зист дар минтақаҳои кӯҳистон пешбинӣ шудааст.

Дар моддаи иловашуда ба қонун гуфта мешавад, табиат, ландшафти кӯҳӣ, иқлим дар минтақаҳои кӯҳӣ зери муҳофизати махсуси давлат қарор хоҳанд гирифт.

Пас аз мавриди амал қарор гирифтани тағйироту иловаҳо, ба сохтмони ҳама гуна иншоот ва роҳандозии ҳама гуна фаъолият аз ҷониби шахсони воқеӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ танҳо пас аз баргузории асосноккунии экологӣ иҷоза дода мешавад.

Барои расонидани зиён ба муҳити зист дар минтақаҳои кӯҳӣ дар натиҷаи фаъолияти хоҷагӣ ё дигар навъи фаъолият дар доираи қонунгузории амалкунанда ҷазо муқаррар шудааст.

Ҷузъиёти тағйироту иловаҳо ҳоло маълум нест, лекин бо назардошти 93%-и қаламрави Тоҷикистонро ташкил додани кӯҳҳо, фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият аз ҷониби шахсони воқеӣ дар он ногузир аст.

Қариб ҳамаи кону зуҳурот, ки дар мамлакат манбаи ашёи хом барои корхонаҳои саноатӣ мебошанд, дар минтақаҳои кӯҳӣ ҷойгиранд.

Захираҳои табиии минтақаҳои кӯҳӣ моликияти истисноии давлат буда, шахсони воқеӣ барои истифодаи онҳо бояд аз давлат иҷоза гиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.