Сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар медиҳад, ки бо ибтикори ин ниҳод дар Донишгоҳи илмҳои иҷтимоии Анкара ба ифтихори “Рӯзи Конститутсия”-и Тоҷикистон нишасти ҳошияӣ доир шудааст.

Ин нишаст дар мавзуъи «Тоҷикистон дар даврони истиқлолият, нақши Конститутсия ва давлатдорӣ» доир шуда дар он коршиносони ин донишгоҳ, аз ҷумла Судяи Суди Конститутсионӣ Бурак Фират, Проффесорог Oғузҳан Дурмуш, Ҳасан Таҳсин Фендоғлу, доктор Мерям Ҳаким ва донишҷӯёни донишгоҳҳои Анкара, иштирок ва суханронӣ кардаанд.

Бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Анкара, сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов “вобаста ба нақши Конститутсия дар даврони истиқлолият, ва хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдорӣ ба ҳозирин маълумот дод”.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҳошияи ин ҳамоиш намоиши китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз қабили «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба намоиши ҳозирин гузошта шуд. Донишҷӯ ва унвонҷӯёни донишгоҳҳои Анкара имкон ёфтанд, ки дар мавриди таърихи халқи тоҷик аз ин китобҳо, ки бо забонҳои форсиву англисӣ нашр шудаанд, барои худ маълумоти лозимро дарёбанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.