Дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ҳодисаи заҳролуд шудан аз хӯриши ба истилоҳ “зверобой” кашф шуд.

Тавре маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, 9 нафар аз ҷумлаи сокинони ин ноҳия дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, субҳи 8 ноябр 9 нафар сокинони деҳаи Шулулии ҷамоати деҳоти Балхоби ин ноҳия бо нишонаҳои заҳролудии шадид ба беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Кӯлоб оварда шуданд.

“Ҳамаи онҳо чун беморони гирифтори “ботулизм” бистарӣ карда шуданд, - омадааст дар хабари Кумита. - Калонсолтарини онҳо 64-сола ва хурдсолтаринашон ҳамагӣ 6-сола аст”.

Зикр мегардад, ки ҳамаи онҳо дар беморхона таҳти назорати духтурон муолиҷа шуда, вазъи саломатиашон хуб ва хатаре ба ҷонашон таҳдид намекунад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ бемории ботулизмро шарҳ дода, баҳри пешгирии гирифторӣ ба он як қатор тавсияҳо медиҳад.

Ин чӣ беморист ва чӣ бояд кард?

Бемории ботулизм ва нишонаҳои гирифторӣ ба он

Ботулизм (анг. Botulism) як бемории нодир, вале то ҳадде хатарнок аст. Он маъмулан баъди 12-24 соати истеъмоли ғизои заҳролуд аз худ дарак медиҳад. Ин ғизоҳо бештар ҳамон банкаҳои хуришдоре мебошанд, ки аз дохил вайрон шудаву сарпӯшашон дамидааст. 

Дар аввал сардардиву сарчархӣ эҳсос мешавад, заъифӣ баданро фаро мегирад, бехобӣ, дард дар шикам, қайкуниву дилбеҳузурӣ, ҳисси аз кор мондани дил, хушкӣ дар даҳон, ташнагӣ аз ҷумлаи нишонаҳои ин беморианд. Сахтшавии меъда ва варами шикам мушоҳида мешавад. Баъди чанд соат ва баъзан баъди як ё ду рӯз шахси гирифтор ҳисс мекунад, ки чашмонаш хира мешаванд, мушкили дид ба миён меояд.

Ҳамзамон бо ин ва ё каме дертар мушкили фурӯ бурдан дар гулӯ пайдо мешавад ва ё ҳангоми фурӯ бурдани чизе дарди шадид дар гулӯ ҳисс мешавад. Метавонад ҳатто нафаскашӣ хароб шавад, мушкил дар суханронӣ, гирифтани овоз ва ё ҳатто ҳолате мешавад, ки инсон наметавонад садо барорад, ҳарф занад. Ҳарорати бадан маъмулан муътадил аст, аммо ҳолате мешавад, ки боло меравад, бахусус агар ботулизм ба илтиҳоби шуш оварда мерасонад.

Қоидаҳои бехатарӣ

Кумита барои пешгирӣ аз мубталоӣ ба ботулизм аз сокинон хоҳиш мекунад қоидаҳои зерини беҳдоштиро риоя намоянд:

- ғизои консервшудаеро, ки сарпӯши он варамидааст ва ё дар он нишонаҳои харобӣ ба мушоҳида мерасад, истеъмол накунед;

- ҳангоми истеъмоли консервҳои дар хона омодашуда сарпӯшашонро боз накарда, муддати 15-20 дақиқа ҷӯшонед;

- агар консерв дуюмин шабонарӯз боз монда бошад, онро истеъмол нанамоед (ин ҷо сухан дар бораи банкаҳои металӣ меравад);

- вақте шумо банкаҳои консервҳои моҳӣ ва ё гӯштиро боз мекунед, ҳатман онҳоро дар зарфҳои чинӣ ё шишаӣ бирезед ва худи ҳамон рӯз истеъмол кунед;

- ҳаргиз пораи гӯштеро аз он банкаҳои консервшуда нигоҳ надоред;

- ҳамаи дастгоҳу таҷҳизоти корӣ, аз қабили тахтаҳои ошбурӣ, элак ва ғайраро бо оби зиёд бишӯед;

- ҳама ғизое, ки дар шакли хом мехӯред, бояд хеле ҷиддӣ ва пок бишӯед, то он аз микробҳо пок шавад;

- агар ягон ҳолати шубҳаовари шабеҳ ба заҳролуд шуданро мушоҳида кардед, филҳо ба духтур муроҷиат намоед!

Ёдрас мешавад:

Дар шароити хона кумаки аввалин ба шахси мубтало ба ботулизм фавран ӯро ба бемористон ё ҳар муассисаи тиббии дигар интиқол додан аст. Ҳар қадар агар ӯро сари вақт беморхона расонед, имкони муолиҷаи вай бештар мешавад.

Ҳамзамон набояд фаромӯш кард, ки меъдаи шахси гирифтор бояд бо содаи истеъмолӣ (20 гр дар як литр об) шуста шавад. Бо сода ҳуқна карда, сипас ба бемор энтеросорбент дода шавад.

Ин амалҳо таъсири модаҳои заҳрогинро ба бадан суст мекунанд ва ҳатто қисман онҳоро аз организм берун меандозанд. Вале бо вуҷуди ин бояд мошини ёрии таъҷилӣ ҳатман даъват карда шавад, зеро заҳрнокии шадид сабаби фалаҷ шудани роҳҳои нафас мешавад ва ин  метавонад шахси заҳролудшударо ба ҳалокат расонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.