Корбарони бахши тоҷикии “YouTube” бештар шоуҳои ҳаҷвӣ, суруд ва киноҳои хориҷӣ тамошо мекунанд. Вақте сухан дар бораи силсилафилм (сериал) - ҳои тоҷикӣ меравад, интихоб хело маҳдуд аст. Гап сари он аст, ки нашри силсилафилмҳои тоҷикӣ дар “YouTube” кори нав аст ва он як ё ду соли охир “муд” шудааст. Ҳарчанд аз нигоҳи мунаққидон силсилафилмҳои тоҷикӣ дар “YouTube” кори ҳаваскорони синамо асту бештар ҷанбаи тиҷоратӣ дорад, вале онҳо миёни мардум аллакай эътибор ва аз 100 ҳазор то 1 миллион тамошобин доранд.

“Таърих”-и силсилафилмҳои ютубии тоҷикӣ аз сериали “Ишқ, пул, #Душанбе” оғоз мешавад, ки қисми аввали он тобистони соли 2020 ба Ютуб роҳ ёфтаву ҳоло аз марзи 50 қисм гузаштааст. Сериалҳои дигари тоҷикӣ аз 5 то 10 қисм нишон дода шудасту халос.

“Ишқ, пул, #Душанбе: аввалин силсилафилми тоҷикӣ дар “YouTube”

“Ишқ, пул, #Душанбе” шурӯъ аз тобистони соли 2020 дар YouTube — канали тоҷикии “ZamonaviMedia” ҳар ҳафта як қисми нашр мешавад. Силсилафилмро коргардони ҷавон Набиҷон Пирматов ба навор гирифтааст, ки дар он ӯ, муаллифи сенария, коргардон ва бозигари нақши асосӣ аст. Сарфи назар аз он, ки ҳар як қисми филм 20 дақиқа тӯл мекашад, сужа сода ва аксари нақшҳоро блогерон, сарояндаҳо ва дигар ҳунармандони ғайриҳирфаӣ бозидаанд.

Сужаи силсилафилм чунин аст: як гурӯҳ мардони муҷаррад ба ҳам омадаанд. Қаҳрамони асосии филм – Шоҳрух (Набиҷон Пирматов) бо бародари бузурги худ Қурбон (Шуҷоат Ҷалолиддинов) ва падараш (Ғаниҷон Олимов) дар як хонаи хоксорона дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад. Мушкилоти асосӣ ин норасоии пул аст ва кулли сужаи силсилафилм дар атрофи ба даст овардани маблағ ҷараён мегирад.

Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Дар назари аввал филм сода метобад: нахуст чунин намудор мешуд, ки ҳунармандон нақшҳои худро бо як сахтгирӣ, рӯнамоии сохтакоронаву ороиши арзон, кӯшиши бо забони адабии тоҷикӣ ҳарф задан мебозиданд. Дар қисматҳои баъдӣ бошад, онҳо оромтар гардида, нақшбозиашон ранги дигар гирифт. Масалан, қаҳрамонон ба ҳазлу шӯхӣ сар карданд, ки он шӯхиҳо ба мушкилоти доғи рӯз рабт дошт. Аз ҷумла, қаҳрамони асосӣ Шоҳрух дар як лавҳаи филм мегӯяд, ки бачаҳои тоҷик барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ се усулро истифода мебаранд: онҳо барвақт издивоҷ мекунанд, ба донишгоҳҳо дохил мешаванд ва ё аз кишвар барои кор кардан, мераванд.

Нуқтаи асосии пурқуввати силсилафилми «Ишқ, пул, #Душанбе» — интерактивии он мебошад. Аз рӯйи шарҳҳо, ки бинандагон «кино от души омадагияй» навиштаанд, натанҳо интизори ҳар як қисм мебошанд, инчунин дар бораи қисматҳои мусбат ва манфии он мегӯянд, балки кӯмаки худро ба эҷодкорон пешниҳод мекунанд.

Бояд гуфт, ки ҳар як қисми филм зери 200 ҳазор тамошогар дорад, ки ин барои сегменти тоҷикии “YouTube” нишондиҳандаҳои хуб аст. Муаллифон 100 — қисми филмро барои тамошобинон ваъда додаанд.

“Умеди зиндагӣ”. Ваъдаи 100 серия, вале нашри 6 - тои он

Дар ҷои дуввум силсилафилми "Умеди зиндагӣ"- ро ҷой додем, ки таҳиякунандагони он низ то ба 100 қисм расонидани он ваъда доданд. Аммо аз соли 2017 то имрӯз танҳо 6 серияи он дар сегменти тоҷикии “YouTube” дастрас асту халос.

Муаллифони филм гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик мехоҳанд, чанд мушкили доғи ҳамсолони худро пешниҳоди ҷомеа кунанд. “Умеди зиндагӣ” нахустин филми тоҷикие хоҳад буд, ки дар 100 қисм таҳия шуда, аз нақз шудани ҳуқуқи духтарон зимни интихоби ҳамсари оянда, қурбони баҳсҳои хонаводагӣ шудани онҳо ва даҳҳо мушкили дигари ҷавонон, қисса мекунад. Инчунин, дар филм ҳаёти имрӯзи тоҷиконеро нишон медиҳанд, ки ба хотири пешрафт ва боз ҳам пулдор шудани худ, дигаронро истифода мебаранд.

Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳадафи филмро филмсозони ҷавон аз студияи “Сомон филм”, шикасти қолабҳои кӯҳна дар ҷомеаи Тоҷикистон маънидод карданд. Филм дар Варзобу Душанбе ва манотиқи дигар кишвар наворбардорӣ мешавад.

Сабти филми “Умеди зиндагӣ” моҳи августи соли 2016 шурӯъ шуда, дар назар буд, то охири соли 2017 давом кунад. Ҳоло  танҳо 6 қисмаи он нашр шудааст ва тақдири ояндааш маълум нест.

“Метро 2067”. Метрои Абду кай сохта мешавад?

Ин филм аслан ҳаҷвӣ буда, то ҳол 6 қисми он дар  “YouTube” чарх мезанад. Ҳаводорони филм хело зиёд буда, аксаран ба хотири қаҳрамон ва идеяи он филмро тамошо мекунанд.

Гап сари он аст, ки гурӯҳи ҳаҷвии “Территория юмора” дар Хуҷанд, чанд сол пеш дар як “миниатюра” дар бораи сохтмони метро дар Тоҷикистон суҳбат кард. Дар саҳна дида мешуд, ки Абду (Абдуҳамид Шодиев) ба сохтмони метро машғул аст ва вақте хабарнигор аз ӯ мепурсад ки сохтмони метро кай ба охир мерасад, ӯ мегӯяд: соли 2067. Ин саҳна зуд байни мардум маҳбубият касб кард ва ин ибора то ҳоло вирди забони мардум аст.

Дар силсилафилм қаҳрамони он Абду, дар рафти сохтмони метро ба мушкилиҳои мухталиф рӯ ба рӯ мешавад ва ин дар рафти филм бисёр сода ва ба таври танзомез нишон дода мешавад. Дар маҷмӯъ силсилафилм “Метро 2067” аз 40 то 200 ҳазор тамошобин дорад. Тамошобинон бо ҳазлу шухӣ, мисли “Абду ҳамаи умед ба ту аст“, “Абду беҳтарин филм” ва ғайра филмро тавсиф намудаанд.

Дар оғози силсилафилм гуфта мешавад, ки дар дунё иншооти бузург зиёд сохта шудааст: Пирамидаҳои Миср, Бурҷи Халифа, Девори бузурги Чин, вале дар Хуҷанд бошад, Абду Метро сохта истодааст.

- Дар сохтмонҳои дигар метроҳо дар як рӯз 500 ҳазор сомонӣ сарф мешавад, аз они Абду бошад, 9 сомониву 60 дирам. Аз ин 5 сомонӣ барои карамшурбо, 2,6 дирам пасандоз барои бел ва 2 сомон барои хароҷоти майда чуда сохта мешавад.

Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Аксари ҳунармандони филм резидентҳои лоиҳаи ҳаҷвии “Территория юмора” мебошанд. Дар нақши асосӣ Абду-  Абдуҳамид Шодиев, муаллифони сенария ва коргардонҳо Ҳабиб Баҳриддинов, Халил Ҷӯраев ва Абдуҳамид Шодиев мебошанд. Қисми якуми филм 9 августи соли 2020 дар саҳифаи “Tamoshow” нишон дода шуда, то ба ҳол беш аз 211 ҳазор нафар онро тамошо кардаанд.

Мавзуи асосии силсилафилмҳои “YouTube” - иҷтимоъ

Бояд гуфт, ки як нигоҳ ба филмҳои таҳиякардаи коргардонҳои тоҷик дар солҳои ахир нишон медиҳад, ки аксари онҳо дар мавзӯи иҷтимоӣ таҳия шудаанд. Мутахассисони соҳаи синамо мегӯянд, сабти филмҳо дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ осону камхарҷтар аст ва аз ин рӯ, аксар филмсозони ҷавон имрӯз ба ин масоил рӯ меоранд.

Силсилафилми “Қасри ғам”. Ин силсилафилми тоҷикии “YouTube” - ӣ, ки дар худ ҳаёти як оила, бархурд ё нофаҳмии хушдоман бо келин ва дигар паҳлуҳои зиндагии рӯзмарраи як оилаи ҷавон бозгуй мекунад, ҳангоми гузоштани қисми аввал дар платформаи “Ютуб” алакай 1 миллион тамошобинро гирд овард. Аммо дар он ҳеҷ реклама вуҷуд надорад. Таҳиягарони силсилафилми мазкур тавонистан бо илова кардани саҳнаҳо ғамгин ба эҳсоси бинанда таъсири худро расонанд ва ба ин восита тамошобини бештареро ҷалб намоянд.

Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Қадамҳои аввали “Маска” ё “Водии гургон”-и тоҷикӣ

Қисми аввали силсилафилми “Маска” ҳанӯз як моҳ пеш дар “YouTube” гузошошта шуд. Вале эҳсос мешавад, ки он байни тамошобинони сегменти тоҷикӣ маҳбубият касб кардааст. Давомнокии филм ҳудуди 22 дақиқа буда, дар канали “Shomi Dushanbe” нашр шудааст ва аллакай, онро ҳудуди 270 ҳазор нафар тамошо карда, ба 5,8 ҳазор нафар писанд омадааст.

Ҳоло танҳо 4 қисми филм дар “YouTube” мечархад ва тақрибан муҳтавои асосии филм маълум нест. Филм бештар дар бораи мафия, пул ва ҳимоят аз ватан баҳс мекунад.

Муҳтавои он чунин аст, ки гурӯҳе ҳамсари роҳбари мафияро ба қатл мерасонанд ва ҳодисаро муаллими роҳгузар мебинад. Дар ин миён қотилон мебинанд, ки муаллим кори онҳоро назора дорад ва ба хонаи ӯ омада худ ва ҳамсарашро ба қатл мерасонад. Кӯдаки онҳо, пинҳон мешавад ҳодисаи куштори волидайнашро мебинад ва бо қасди интиқом аз хона берун мешавад. Чанд сол пас ӯ бо яроқ ба хонаи марде меояд, ки ҳамсарашро зердастонаш ба қатл расонида буданд. Ӯ ҳодисаро ба мард нақл мекунад ва мард кӯдакро фарзандхон мегирад. Ҳамин тариқ, дар кадри дигар кӯдак калон мешавад ва дар идома филм дар бораи таъсиси гурӯҳе бо номи Х суҳбат мекунад, ки онҳо дар бораи боздошти ҷинотякорон ва мубориза бо онҳо амал мекунанд.

Ин филм бештар ба силсилафилми туркии маъруфи “Водии гургон” монанд аст.

Дар филм ба ғайр аз ҳунармандони шинохта Қурбони Собир, Моҳпайкар Ёрова, ҳамчунин моделҳо, овозхонҳо, аз ҷумла Фарзонаи Хуршед, Барон ва дигар нафарони ғайрикасбӣ ширкат мекунанд. Ба назар мерасад, ки бозии онҳо дар филм ғайриҳирфаӣ баромадааст. Интизор меравад, ки ҳар ҳафта як қисми ин силсилафилм нашр шавад.

Тиҷорат – ҳадафи асосии ин филмҳост

Коршиносон бар ин назаранд, ки он вебсериалҳое, ки дар “YouTube” - каналҳои тоҷикӣ пахш мешаванд, на ҳамаи онро метавон вебсериал гуфт. Зеро бештарашон ба талаботи жанрӣ ҷавобгӯ нестанд ва  мавзӯву муҳтавои мушаххас надоранд.

Онҳо мегӯянд, ки маҳз холигии синамои тоҷик сабаб шудааст, ки вебсерилаҳои ғайрикасбии “YouTube” фазои бе ин ҳам хароби олами синаморо гиранд. Онҳо мегӯянд, маҳз ширкати ҳунармандони шинохта дар вебсериалҳои тоҷикӣ доираи зиёди бинандагонро ба саҳифаи интернетии онҳо меорад.

Коргардони ҷавони тоҷик Одинаи Маҳмад мегӯяд, ҳадафи нашри силсилафилмҳои “YouTube” кор кардани маблағ ва ба даст овардани  шуҳрат аст.

Одина Маҳмад

- Дар оғози филм пахши рекламаи махсус, истифодаи намоҳои биноҳои чандқабатаи ширкатҳои сохтмонӣ, тарабхонаҳо ва нишон додани дигар иншоотҳо шеваҳои ба даст овардани маблағ дар силсилафилми ютубӣ мебошад. Ҳатто дар суханрониҳои қаҳрамонҳои филм рекламаи ширкат мушоҳида мешавад,- гуфт Одина Маҳмад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.