Осорхонаи “Бибихонум” дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар бо сабаби дар ҳолати садамавӣ қарор доштани бино баста шуд.

Мудири осорхона Сафарбек Одинаев ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар дод, ки осорхона муваққатан баста шудааст, зеро он дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, девори рости он фурӯ рафта ва бисёр ҷойҳояш кафидааст.

Сурат: Asia-Plus

Рӯзи 10 ноябр мо аз осорхонаи мазкур воқеъ дар теппаи “Қӯрғон” боздид намуда, дар қисмати рости бинои осорхона тарқишҳои деворро дидем.

Мудири шуъбаи фарҳанги шаҳр Фатҳулло Умаров гуфтаҳои директори осорхонаро тасдиқ намуда, илова кард, ки  бобати дар ҳолати садамавӣ қарор доштани осорхона шаҳрдорӣ ва раиси вилояти пешакӣ огоҳ карда шуда, аз ҷониби онҳо тасмим гирифта шуд, ки бино таъмиру бозсозӣ мешавад.

Сурат: Asia-Plus

Як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар хабар дод, ки раҳбарияи шаҳр айни замон масъалаи таъмиру навсозии теппа ва осорхонаро баррасӣ дорад.

Сурат: Asia-Plus

“Таъмиру навсозии теппаи “Қӯрғон” кайҳо дар нақша буд, вале бо сабаби пандемия ба таъхир афтод. Ҳозир якчанд корхонаҳо ба таҳияи лоиҳа ва сипас мувофиқаи он бо раҳбарияти вилояту ҷумҳурӣ машғуланд. Шояд соли 2022 ба ин корҳо оғоз кунем. Ба лоиҳакашҳо супориш дода шудааст, ки биноро тарзе тарҳрезӣ кунанд, то теппа симои қадимии худро гум накунад”, - илова кард ӯ.

Сурат: Asia-Plus

Тибқи маълумоти пешакӣ, дар теппаи “Қӯрғон” бунёди муҷассамаи Исмоили Сомонт, амфитеатр ва чойхонаи миллӣ ба нақша гирифта шудааст.

Сурат: Asia-Plus

Қобили зикр аст, ки теппаи “Қӯрғон” яке аз макони таърихиву фарҳангии шаҳри Бохтар аст. Он ҳамчунин рамзи шаҳр мебошад. То солҳои 90-ум дар теппа боғ ва чойхонаи миллӣ амал мекарданд. Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ онро таъмиру таҷдид намуда, дар ҷойи чойхона осорхона сохтанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.