Ҳафтаи гузашта тахриб ё кӯчонидани хона-музейи сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ баҳсҳои тундеро дар миёни ҷомеаи фикриву эҷодӣ ва фазои тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Одамони касбу кори гуногун дар робита ба ин тасмим назари худро гуфтанд ва аксар мухолифи тахриби ин бино буданд ва ҳатто бархе зиёиён ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба унвонии раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ барои ҳифзи хонаи Айнӣ муроҷиат карданд.

Шаҳрдории Душанбе дар посухи худ ба ин вокунишҳо гуфт, ин тасмим ҳоло ниҳоӣ нашудааст ва агар ҳам шавад онҷо сохтмони бино дар назар нест. Ҳоло ки баҳси тахриби бинои хонаи Айнӣ идома дорад, мо назари аз фарҳангиёнро дар робита ба ин тасмим пурсидем.

“Агар шоир биранҷанд...”

Гулрухсор, шоир:


Мазан худро, ки ҷони мо намонда,

Зи хуни мо ба ҷуз сафро намонда.

Барои зарбаи дигар, бародар,

Дигар дар пушти Айнӣ ҷо намонда.

Ин шеър солҳо пеш дар ҷавоб ба онҳое, ки ба устод Айнӣ санги маломат мезаданд, гуфта шуда буд. Имрӯз низ ин шеър таъкид ба онҳоест, ки ба муҳаббати миллат ба фарзанди бузурги хеш шубҳа доранд ва зарбаи 76-умро ба пушти хуншори устод Айнӣ - яъне миллат задан мехоҳанд.

Осорхонаҳо, осори хотири хотираи башаранд! Ба осорхонаҳо, ба хотири хотираи башар, арҷ нагузоштан, эҳтиром зоҳир накардан гуноҳи азим, балки иштибоҳи нобахшиданист!

Рӯзи 12-уми ноябри соли 2021, соати 14 ба зиёрати осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон, нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, адиби бузурги ҷаҳон устод Садриддин Айнӣ рафтам. Осорхона дар ҷояш, кормандонаш дар сари кор омодаи роҳбаладӣ.

Баъди шунидани сару садоҳои зиёд дар бораи хароб кардани музей-манзили устод тарсидаву ларзида рафтам. Осорхона бо ҳама осораш дар ҷояш буд. Суоли ман дар бораи хароб кардани ин бино кормандонро андаке ҳайрон кард. Гуфтанд, ки агар чунин тасмиме мебуд, моро огоҳ мекарданд, то ин ҳама осори гаронбаҳои таърихиро ҷобаҷо кунем...

Хурсанд шудам. Фикр кардам, ки Худое накарда, ягон кас ба шаҳрдорӣ тӯҳмат зада бошад...

Ва аммо баъд:

Биранҷад чу шоир бимонад ҳиҷо,

Ҳиҷо то қиёмат бимонад ба ҷо... ("Шоҳнома", Фирдавсӣ.)

 

“Агар назари моро мепурсиданд...”

Обиди Назариён, муовини якуми вазири фарҳанги Тоҷикистон:


Доир ба ин масъала мақомот ба мо мактуб ё дархости шарҳи расмӣ ирсол накардаанд. Агар вазорати фарҳанг дар ин қазия лозим мебуд, мақомот ба мо ҳам мактуб мекарданд ва назари моро мепурсиданд. Он гоҳ мо назари расмӣ медодем ва ин масъаларо аз ҷиҳати фарҳангӣ шарҳу тавзеҳ медодем ва мавқеамонро баён мекардем.

Вале назари шахсии ман ин аст, ки чизҳои таърихӣ, махсусан хона-музейҳо бояд бошанд. Чизҳои таърихӣ бояд барои ояндагон  хизмат кунанд ва мавқеи худро дошта бошанд. Вале аз сабаби он ки Иттифоқи Шӯравӣ буд, нисбати Тоҷикистон ва миллати тоҷик муносибат дигар буд. Ин ҷиҳати масъаларо  ҳам бояд ба назар гирифт.

“Мо мухолифи кӯчонидани хона-музейем, аммо...”

Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон:

- Мавқеи Иттифоқи нависандагон дар робита ба кӯчонидани хона-музейи устод Айнӣ ин аст, чизҳое ки на фақат ба таърихи адабиёт, балки ба таърихи миллат вобаста аст, бояд барҷой монад. Мо дар масъала музейи устод Лоҳутӣ ҳам муроҷиат карда будем. Дар мавриди хона –музейи устод Айнӣ ҳам ба ин мавқеъ ҳастем, ки бояд он тахриб ва кӯчонида нашавад. Ин чизи таърихӣ аст, дар тамоми олам ин чизҳо ҳамчун ёдгории миллат, давлат барҷой мемонад ва аз ҷониби давлат ҳифз мешаванд.

Хона-музей ё хонаи адабии устод Айнӣ дар Душанбе

Мо аллакай ба роҳбарияти олии кишвар тариқи мактуб муроҷиат кардем, хоҳиш кардем, ки мавқеи моро дастгирӣ кунанд, то хона-музей барқарор монад. Акнун дар мавриди кӯчонидан ё тахриби бино чӣ ангезаҳо аст, намедонам, вале ба андешаи мо бояд он ҳамчун ёдгории таърихӣ барҷой монад. Агар барҷой ҳам намонад, бояд дар ҳамон шакле ки ҳаст бисёр сазовор ва арзанда ба  ҷои дигар кӯчонида шавад. Масалан, дар боғи устод Айнӣ айнан ҳамин бино сохта шавад ва экспанад ва  ёдгориҳое ки ҳаст, бояд дар ҳамун шакл бе ягон осеб ва зарар ба он ҷо кучонида шавад. Ин албатта вариати дуввум аст, варианти якум ин аст ки агар имкон бошад, он ҳифз шавад.

“Қадамҷойи устод Айнӣ бо ҳеч чизе иваз намешавад”

Иброҳим Усмонов, раиси Бунёди “Гуфтугӯйи тамаддунҳо”, профессор

- Хона-музей муассисае нест, ки ҷойи онро вайрон  ё тағйир додан мумкин бошад. Ҷойи ҳайкалро тағйир додан мумкин аст, зеро бо мурури замон зарурати иваз кардани ҷои ҳайкал ба миён меояд ва инро дар таърих зиёд шоҳид будем. Вале хона- музей моҳияташ ин аст, ки ба мардум мегӯянд, дар он фалонӣ зиндагӣ кардааст ва қадамҷои фалонӣ аст. Қадамҷойро бо ҳеҷ чизи дигар иваз карда намешавад.

Ҳатто дар шаҳрсозӣ бо дарназардошти он тағйирот ворид мекунанд, ки ба ёдгориҳои таърихӣ халал нарасад. Мисол, дар охирҳои замони Шӯравӣ барои сафорати Тоҷикистон дар Русия  як макони навро ҷудо краданд, вале аз сабаби он ки дар он минтақа даҳ бех дарахте, ки умри 200-сола доштанд, чор зани рус шуриш бардоштанд ва гуфтанд ин дарахтон ифтихори миллӣ ва ёдгории таърихии мо аст. Вақте ки дарахт ифтихори миллӣ ва ёдгорӣ бошаду онро набурида ба ҷойи он сафорат насохта бошанд, сухан аз хона равад ва ин ҳам хонаи устод Айнӣ, ин албатта масъалаи нозук аст.

Устод Айнӣ аввал қаҳрамони тоҷик аст ва аз ин зовия ҳамаи он ҳуқуқеро дорад, ки тоҷикони имрӯза ва аҳолии имрӯзаи Душанбе доранд. Вай соҳиби ҳуқуқи доштани хонаи худ дар Душанбе аст. Ин хона барои ташаккули фарҳанги имрӯзаи тоҷик як манбаъ ва ҷойи муқаддас  буд. Ҳар касе, ба ин хона меомад, гӯё ба сар таъзим кардан ба назди забони тоҷикӣ, адабиёт ва таъхрихи халқи тоҷик меомад.


Академик Бобоҷон Ғафуров вақте устод Айниро ба Душанбе даъват кард, аз чор мавзеи Душанбе барои эшон хона пешниҳод намуд ва устод Айнӣ маҳз ҷойи ҳамин хонаи ҳоло баҳсиро интихоб карданд.

Умед мекунам, ки ин хона ба эҳтироми устоди бузурги халқи тоҷик, шахсе ки халқи моро аз нобудии таърихӣ наҷот дод, ба эҳтироми Қаҳрамони Тоҷикистон ва зиёратгоҳу ҳеҷ ҷойи дигар зиёратгоҳи Айнӣ шуда наметаовнад, ба ғайр аз мазор хонааш, ин хона вайрон намешавад.

Роҳбари давлат ба ин чиз имкон намедиҳад, ки ин кор амалӣ шавад. Ҳамчунин, аз ҳамаи ниҳодҳои масъул даъват мекунам, ки барои нигоҳдоштани хонаи халқи тоҷик мусоидат кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.