Аз рӯи натиҷаҳои Олимпиадаи байнулмилалии «Ал-Фарғонӣ» аз фанни физика дар шаҳри Фарғонаи Ӯзбекистон хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон сазовори 7 ҷойи ифтихорӣ (1 медали тилло, 2 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ) гардиданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, Олимпиада миёни хонандагони синфҳои 5-11 баргузор гашта, аз ҳар давлат 2 даста иборат аз 8 хонанда ва 4 роҳбари даста иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, дар миёни кишварҳои иштирокчӣ Тоҷикистон пас аз давлатҳои Русия ва Қазоқистон мақоми 3-юмро соҳиб гардид.

Дар олипиадаи мазкур мактабхонҳои Русия, Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Туркманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Уммон, Туркия, Қатар, Миср, Қувейт, Ливия, Малайзия, Нигерия, Сенегал ва Таиланд ширкат варзиданд.

Ёдрас мешавад, ки чанде қабл дар 13-умин Олимпиадаи байналмилалӣ дар Туркия 93 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон иштирок намуда, сазовори 68 ҷойи ифтихорӣ (20 медали тилло, 22 медали нуқра ва 26 медали биринҷӣ) гардида буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.