Ду ҳунарманди ҷавони вилояти Суғд дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” соҳиби шоҳҷоиза ва 50 000 сомонӣ мукофоти пулӣ шуданд. Барандагони шоҳҷоиза Гулноза Ғаффорӣ, аз деҳаи Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Ҷамолиддин Салоҳиддинхонов аз ноҳияи Спитамен мебошанд.

Гулноза Ғаффорӣ дар бахши сарояндагии анъанавӣ ва Ҷамолиддин Салоҳиддинхонов дар бар бахши оҳангсозӣ соҳиби шоҳҷоиза ва 50 000 сомонӣ муофотпулӣ шудаанд.

Ҳамчунин аз вилояти Суғд 14 нафари дигар ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро дар ин озмун касб кардаанд.

Ба иттилои Раёсати фарҳанги вилояти Суғд, даври ниҳоии озмуни "Тоҷикистон-Ватани азизи ман" дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе бо ҳузури 314 нафар ҳунармандони аз 12 то 40-сола доир шуд.

Гулноза Ғаффорӣ

Бахтовар Ғаффоров, бародари Гулноза Ғаффорӣ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, хоҳари 23-солаи ӯ дар ин озмун бо суруди “Ҷононай”-и ғазали Аҳмади Ҷомӣ, оҳанги Михаил Толмасов ҳунарнамоӣ карда, баранда шуд.

Гулноза дар хонаводаи ҳунарманд таваллуд шудавау ба камол расидааст.

Гулноза дар тими наврасону ҷавонони дастаи “Шашмақом”-и шаҳри Хуҷанд фаъолият мекунад ва донишҷӯйи курси 4-уми факултаи санъати Коллеҷи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд аст.

Гулноза Ғаффорова қаблан низ дар озмунҳои “Парвин”, озмунҳои байналмилалии “Муған” дар Озарбойҷон ва “Истеъдод”-и Тошканд ҳунарнамоӣ кардааст.

Ин озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ байни сарояндагону навозандагон соли сеюм аст, ки барои кашфи истеъдодҳои нав дар ҷодаи ҳунар доир мешавад. Нафароне, ки  дар даври шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва вилоятӣ комёб шуданд, ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта буданд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.