Академик ва собиқ президенти Академияи улуми Тоҷикистон Мамадшо Илолов дар пайи қазияи охири Хоруғ аз ҳукумат ва мардуми ВМКБ хост масъаларо дар доираи қонун ва бидуни зӯрӣ ҳал кунанд.

Ӯ дар муроҷиатномаи видеоӣ, ки шоми имрӯз, 26 ноябр дар шабакаи иҷтимоӣ нашр шуд, мегӯяд, “сохторҳои қудратии маҳал бояд дар якҷоягӣ бо мардум роҳи ҳалли масъаларо ёбанд, чунки ҳеҷ масъала ба воситаи зурӣ ҳал нашудааст”.

Илолов мегӯяд, қонунгузории мо мукаммал ва густурда аст ва ягон масъала берун аз нормаҳои қонун наистодааст. 

Академик дар охир дар бораи вазъи минтақа ва ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя ёдоварӣ шуда, изҳори боварӣ менамояд, ки фаросати мардуми вилоят баланд аст ва ин ҳодисаҳое, ки рух дода истодаанд, албатта ҳалли худро меёбанд.

 

Имрӯз, дар пайи ҳаводиси охир дар маркази ВМКБ шаҳри Хоруғ як қатор чеҳраҳои илму адаби зодаи ВМКБ бо пахши изҳороти видеоӣ аз мардуми Бадахшон ҳали қонунии ҳаводиси охирро хостанд.

Ба ғайр аз Илолов, ҳамчунин муроҷиати видеоии профессор Парвонахон Ҷамшедов, яке аз зодагони дигари ин вилоят нашр шуд, ки ӯ низ мардумро ба ҳалли оромонаи қазияи бавуҷудомада даъват менамояд ва мегӯяд, ҳамаи масъала бояд бо гуфтушунид ҳаллу фасл шавад.

“Мо бояд аз тамоми воситаҳо истифода барем, то бетарибӣ дигар рух надиҳад ва мардум орому осуда зиндагӣ кунанд”,- мегӯяд Парвонахон.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 25 ноябр, дар назди бинои ҳукумати вилояти Бадахшон шуморе аз сокинон даст ба нишони эътирозӣ задаанд. Ҳамоиши эътирозӣ бар пайи кушта шудани як сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштақалъа Гулбиддин Зиёбеков сурат гирифтааст.

Мақомот гузарондани амалиёт барои боздошти Зиёбековро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ӯ барои содир кардани ҷиноят аз рӯи моддаҳои 181, қ.3 (ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189, қ.3 (барангехтани кинаю адовати маҳалгароӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар кофтукови расмӣ қарор дошт.

Зиёбековро бо он гунаҳкор мекарданд, ки ӯ ҳамроҳ бо ҳамдастаҳояш (ки аз онҳо дар хабарҳои расмӣ ном бурда нашудааст) 1 феврали соли 2020 ёвари додситони ноҳияи Роштқалъаро гаравгон гирифта, муддати 8 соат мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор дода буданд.

Ҳамчунин, мақомоти расмии Бадахшон тариқи телевизиони вилоят хабар доданд, ки дар ҷараёни беназмиҳо дар шаҳри Хоруғ, ки дирӯз, рӯзи 25-уми ноябр гузашт, панҷ корманди ниҳодҳои қудратӣ шадидан захмдор шудаанд. Вале бар асоси охирин хабарҳои расида аз Хоруғ шумори кушташудаҳо ба се нафар расидааст.

Мувофиқи иттилои сокинон тазоҳуротгарон то ҳол пароканда нашудаанд.

Ҳаводиси охири Хоруғро дар маводи мо хонед: “Се кушта, идомаи эътирозҳо. Алишер Мирзонабот ба эътирозгарон чӣ гуфту талаби онҳо чист?