Дар даврии ниҳоии озмуни ҷумҳурявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки аз 2 то 15-уми декабр баргузор мешавад, 510 довталаб барои пирӯзӣ дар бахшҳо ва дарёфти шоҳҷоиза талош мекунанд. Дар ин бора Вазорати илму маорифи кишвар хабар медиҳад.

Даври ниҳоии озмун чун солҳои қаблӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мегузарад.

Ба иттилои манбаъ имсол ҷадвали баргузории чунин муқаррар шудааст: рӯзҳои 2-5-уми декабр хонандагони мактабҳои миёна ва ибтидоии касбӣ, 6-7-уми декабр донишҷӯён, 7-уми декабр аспиранту докторантҳову ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, 8-10-уми декабр омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун бар асоси талаботи бахшҳои озмун ширкат ва зеҳнсанҷӣ мекунанд.

Барои довталабони бахши назму наср озмун рӯзҳои 11-12-уми декабр ва барои довталабони Шоҳҷоиза рӯзи 13-уми декабр доир мегардад.

Имсол дар даври аввал, ки дар маҳалҳо, ҷамоатҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар ташкилотҳо баргузор гардид, 305495 нафар, дар даври дуюм, ки дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо доир гардид, 23045 нафар ва дар даври сеюм, ки дар марказҳои вилоятҳо баргузор гардид, 2981 нафар иштирок кардаанд.

Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли сеюм аст, ки дар кишвар баргузор мегардад. Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, масъулони баргузории озмун вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.