Яке аз самтҳои афзалтиятнок ва муҳими барномаҳои Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон (АКДН) ва хадамотҳои он ин ҳифзи муҳит ва макони зист маҳсуб меёбад. Бинобар ин, татбиқ намудани ташаббусҳо ва иқдомҳои созанда вобаста ба беҳсозии муҳити зист дар маркази таваҷҷӯҳи хоси ташкилот ва хадамотҳои он мебошад.  

Бо ин мақсад соли ҷорӣ зиёда аз 100 нафар кормандони сохторҳои Ташкилоти Оғохон оид ба рушд  дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, боғи “Кули Ҷавонон” маъракаи ниҳолшинониро ташкил карда, дар он ширкат намуданд.

Дар маъракаи мазкур шаш намуди дарахт, 200 бех ниҳол, аз ҷумла санавбари маҳҳалӣ (75 дона), сарви сиёҳ (30 дона), сарви сафед (30 дона), арча (35 дона), чинор (5 дона) ва маҷнунбед (25 дона) шинонда шуд.


Ташаббуси мазкур ба барномаи “Сабзкунони шаҳри Душанбе” ва дигар иқдомҳои созандаи Ҳукумати кишвар вобаста ба ҳифзи муҳити зист ва беҳсозии фазои экологӣ мусоидат намуда, дар тақвият додани ин самт саҳми арзанда мегузорад.

Ташкилоти Оғохон оид ба рушд аз хадамотҳои хусусии рушд иборат буда, самти фаъолияти онҳо ба беҳбудии имкониятҳо ва беҳсозии шароити зиндагии мардуми кишварҳои рӯ ба тараққӣ бахшида шудааст.

Ҳадафи барномаҳои АКДН баҳри некуаҳволии кулли мардум, новобаста аз миллат, ҷинс ва дину мазҳаб равона гардидаанд.