Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон 4 январ миёни Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Театри давлатии академии калони Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Тавре ки АМИТ «Ховар» бо истинод ба Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон хабар медиҳад, Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкории фарҳангӣ созишномаи ҳамкории мутақобилан судманд буда, ба рушди муассир ва таҳкими робитаҳои дӯстонаи театрҳо мусоидат мекунад.

Гуфта мешавад, ҳуҷҷати имзошуда барои фаъолияти гастроли дастаҳои ҳарду тараф имконияти васеъ фароҳам меорад. Дар оянда театрҳо метавонанд солистон ва гурӯҳҳои иҷрокунандаро иваз кунанд ва лоиҳаҳои якҷояи эҷодиро амалӣ намоянд.

Тибқи Ёддошти тафоҳум мутахассисони варзидаи ҳарду театр метавонанд дарсҳои маҳорат баргузор намуда, дар озмунҳои мусиқӣ, фестивалҳо ва дигар чорабиниҳо ширкат варзанд.

Акс аз аз саҳифаи Театри калони Ӯзбекистон дар Facebook

Дар саҳифаи Театри давлатии академии калони Ӯзбекистон дар Facebook дар ин робита зикр шудааст, ки  Ёддошт ба қарордодҳо оид ба ҳамкории мутақобилан судманд таҳким бахшида, ба рушди пурсамар ва тақвияти робитаҳои дӯстона байни театрҳо муосидат мекунад.

Дар саҳифаи Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон дар Facebook бобати ин масъала гуфта мешавад, ёддошти дар Тошканд имзошуда аз ҷониби роҳбари бадеии Театри опера ва балети Тоҷикистон Сайфулло Юсупов, ки бо сафари корӣ дар Тошканд қарор дошт, ба ҳамгироии мутақобила дар бахши фарҳанг ба рушди муносибатҳои дуҷониба, амалисозии лоиҳаҳои бузургмиқёс ва ҷолиб такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.