Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен дар бораи сурудҳои дӯстдоштааш, ки онҳоро дар соли 2021 гӯш мекардааст, маълумот додааст. Байни онҳо таронаи “Камароб”-и овозхони тоҷик Сафармуҳаммади Рустам низ ҳаст.

Плейлист (рӯйхат)-и таронаҳои дӯстдоштаашро Энтони Блинкен пеш аз Соли нав дар саҳифаи худ дар Twitter нашр кардааст. Ӯ ду рӯйхатро таҳти номҳои “Дома” (Дар хона) и “В пути” (Дар роҳ) пешниҳод намудааст.

Дар рӯйхати “Дома” 17 суруди сарояндаҳои амрикоӣ ба мисли Ҷастин Бибер, Дайана Росс, Бруно Марс, Тейлор Свифт ва дигарон дохил шудаанд.

Дар плейлисти “В пути”-и роҳбари Департаменти давлатӣ таронаву мусиқии 38 иҷрокунанда, аз ҷумла Сафармуҳаммади Рустам, Adel, Stromae, Dua Lipa, Ориёно Саид ва дигарон гирдоварӣ шудааст.

Суруди “Камароб” дар зинаи 27-уми рӯйхати котиби давлатӣ қарор гирифтааст.

Энтони Блинкен аз 26 январи соли 2021 вазифаи котиби давлатии ИМА-ро бар дӯш дорад.

Суруди “Камароб” моҳи марти соли 2021 таҳифву манзур шуда, Сафармуҳаммад онро ҳамроҳи M.One иҷро мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.