Ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии “Сибирь”, ки аз Нижний Новогород парвоз карда буд, бар асари тумани ғализ дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд нишаста натавонист ва ба фурудгоҳи эҳтиётии ба номи Ислом Каримов дар Тошканд раҳсипор шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” роҳбари намояндагии ин ширкати ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон Фазлиддин Ҳасанов хабар дод.

“Ҳавопаймо 10 бор гирди шаҳр парвоз нмуда, бар асари тумани ғализ фуруд омада натавонист. Сипас ба ба фурудгоҳи эҳтиётии ба номи Ислом Каримов дар Тошканд раҳсипор шуд. Он бояд соати 9:08 ба вақти маҳаллӣ фуруд меомад”, - иброз дошт Ҳасанов.

Ба гуфтаи ӯ, ҳавопаймо бо 174 нафар мусофир дубора аз Тошканд ба Хуҷанд парвоз кардааст.

“Барои сарфаи вақти мусофирон дар фурудгоҳи Хуҷанд мо аз Тошканд сӯзишворӣ гирифтем. Айни замон ҳавопаймо дар Хуҷанд қарор дошта, мусофиронро қабул ва бозпас ба Нижний Новгород парвоз мекунад”, - зикр кард номбурда.

Тибқи маълумоти пешакии обуҳавошиносони Тоҷикистон, ҳавои боронӣ бо баъзан танаффусҳо дар ҷумҳурӣ то 8 январ идома меёбад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии кишвар.

Ба сурати умум, ин рӯзҳо дар кишвар обуҳаво абрнок шуда, дар водиҳои баъзе ноҳияҳо баъзан борон ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ барфи тар меборад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.