Исмоили Зоир, набераи Эмомалӣ Раҳмон ва фарзанди Муҳаммадзоир Соҳибов, яке аз тоҷирони бонуфуз дар иқтисоду сиёсати Тоҷикистон дар садри рӯйхати 30 ҷавони муваффақи Тоҷикистон қарор гирифтааст, ки Кумитаи ҷавонону варзиши Тоҷикистон эълон кардааст.

Кумитаи ҷавонон «30 ҷавони муваффақ дар соли 2021»-ро 5-уми январ дар як маросими хос бо ҳузури муовини сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён  ва вазирону роҳбарони дигар ниҳодҳои давлатӣ эълон кардааст. 

Ҳарчанд дар хабарномае, ки Кумитаи ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст, гуфта нашудааст, ки ин ҷавонон барои кадом корҳо ба унвони ҷавонони муваффақи Тоҷикистон дар соли 2021 эътироф шудаанд, аммо дар миёни онҳо бархе чеҳраҳои ошно барои ҷомеаи Тоҷикистон ҳам дида мешавад. 

Исмоили Зоир набераи раисҷумҳури Тоҷикистонро қабл аз ин, нашрияи "Тоҷикистон" дар як назарсанҷияш ба унвони "Хайрхоҳи сол"-и Тоҷикистон дар соли 2021 низ эълон кард. Дар бораи дороиҳову тиҷоратҳои Исмоили Зоир расман дар Тоҷикистон маълумоте вуҷуд надорад. Аммо ба таври расмӣ ва ғайрирасмӣ баъзан хабарҳое нашр мешавад, ки ӯ ба унвони тоҷир дар ин ё он бахш сарпарастӣ ва ё сармоягузорӣ кардааст. 

Кумитаи ҷавонон

Аз ҷумла хабарҳое нашр шуд, ки ӯ ба чанд бехона манзил тақдим кардаасту, ба беҷошудагони офатҳои табиӣ ёрӣ расонидаасту дар давраи ҳамагирии вируси куруно ҳам ёриҳое расонидааст. 

Дар баробари Исмоили Зоир ҳамчунин Кумитаи ҷавонон ва варзиш Азизҷон Азимӣ, бунёдгузори ширкати "TajRupt" ва яке аз тарроҳони аслии дар иқтисод ворид кардани ҳуши сунъӣ дар Тоҷикистонро низ шомил кардааст. 

Азизҷон аз ҷавонтарин хатмкардаҳои донишгоҳи Ню-Йорк дар соли 2016 ва хатмкардаи могистратураи Мактаби олии тиҷорати Стэнфорд ва мактаби мудирияти Ҷон Кеннедии Донишгоҳи маъруфи Ҳорвард мебошад. 

Соли 2018 Азизҷон шомили феҳристи "30 то 30" маҷаллаи Forbes  шуд ва нахустин тоҷике буд, ки дар таърихи ин феҳрист шомили он шуд.

Азизҷон бунёдгузори нахустин маркази омӯзиши ҳуши сунъӣ дар Осиёи Марказӣ "TajRupt.AI" мебошад. 

Кумитаи ҷавонон

Абдулло Қурбоналӣ (Абдулло Қурбонов), яке аз муассисон ва роҳбари кунунии "Алиф Бонк", яке аз бонкҳои маъруфи Тоҷикистон ҳам дар рӯйхати 30 ҷавони муваффақи Кумитаи ҷавонон қарор гирифтааст.

Абдулло Қурбонов хатмкардаи Донишгоҳи Босфори Туркия дар риштаи тиҷорат ва мудирият ва мактаби маъруфи Иқтисод ва улуми сиёсии Лондон аст. Ӯ пас аз таҳсил дар ширкатҳои бонуфузе дар Бритониёи  Кабир ва Муғулистон кор карда, дар соли 2014 ба Тоҷикистон омад ва бо чанде аз шариконаш ширкати қарздиҳии хурди "Алиф Сармоя"-ро таъсис дод, ки ҳоло номи "Алиф-Бонк"-ро дорад ва яке аз бонкҳои дар ҳоли рушди Тоҷикистон дониста мешавад.
Кумитаи ҷавонон

Абдулло ҳамчунин яке аз муассисони тарҳои муваффақе чун "Somon.tj" ва бунёди хайрияи  «Пешрафт» низ дониста мешавад. 

Ризо Баҳромзода, физикдон ва мутахассиси риштаи астрономия ва яке аз мубаллиғони илмҳои дақиқ дар Тоҷикистон низ, яке дигар аз ҷавонҳоест, ки шомили ин феҳрист шудааст. Ризо Баҳромзод пешниҳодкунандаи озмуни ҷумҳурявии "Илм фурӯғи маърифат" аст, ки соли 2021 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон гузаронида шуд ва минбаъд ҳамасола баргузор мешавад. 

Ризо хатмкардаи риштаи астрономияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аспирантураи риштаи физикаи энергияҳои баланди Донишгоҳи Ломоносови Маскав мебошад, ки ҳоло ходими пешбари илмии Маркази байналмиллалии таҳқиқоти ҳастаии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад. 

Манижа Сангин овозхони пурсарусадо ва тоҷики муқими Русия, ки дар соли 2021 дар озмуни овозхонҳои Русия барои ширкат дар "Евровидение" пирӯз шуд ва дар миёни даҳгонаи финалистҳои ин озмуни бонуфузи овозхонҳои Аврупо мақоми 9-умро гирифт.

Ҳамчунин Манижа Сангин нахустин шаҳрванди Русия аст, ки ба унвони сафири ҳусни нияти Оҷонсии СММ дар умури паноҳандаҳо баргузида шуд. 
Кумитаи ҷавонон

Чоршанбе Аловатов, овозхони ҷавони тоҷик, ки соли 2019 дар озмуни Central Asia’s Got Talent пирӯз шуд аз дигар ҷавонҳоест, ки дар ин рӯйхат шомил шудааст. 

Раъно Насриддинзода, барандаи шоҳҷоизаи озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар соли 2020 ва Акмалиддин Каримов, қаҳрамони самбои ҷаҳон дар соли 2021 низ шомили ин рӯйхат шудаанд.

Нафиса Имронова тарроҳи муд, Фатҳиддини Замон, муаллифи барномаи "Тоҷикистон ва ҷаҳон"-и Телевизиони Тоҷикистон, Миҷгона Самадова, бонуи муштзани тоҷик, Юнусов Шоҳрух, сарояндаи опера, Сафар Шамсиев гулпарвар ва фурӯшандаи гулҳои бунафш, Отахон Саидзода  - роҳбари театри ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, Амири Ёдгор, овозхон ва сарояндаи опера Имомназар Имомов, корманди Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷаннат Ҳусейнзода Ҷаннат, пианинонавози ҷавон Азизхон Мавлонназаров, донишҷӯйи тоҷик, ки дар Русия аз сӯйи Путин барои корҳояш дар давраи пандемияи коронавирус медал дарёфт кард, низ дар ин рӯйхат шомил шудаанд.

Нафиса Имранова
Кумитаи ҷавонон

Ҷаҳонгир Забиров, аз муассисони "Somon.tj", Меҳрубон Тӯраев, донишҷӯйи тоҷик дар риштаи барномасозӣ дар Варшава ва корманди ширкати маъруфи Google, Асҳобиддини Шералӣ, мудири Маркази рушд ва дарёфти истеъдодҳои Сарраёсати маорифи Душанбе, Эркинҷон Абдиев, ғолиби чанд озмуни байналмилалӣ дар риштаи улуми дақиқ, Зафар Бурҳонзода, мудири иҷроияи ширкати "Авесто Гурӯҳ", Алишер Қаландаров, коргардон, Валимуҳаммад Хонҷонов, мудири Маркази иноватсионии "Помир", Фирдавс Ёрматов, мудири ширкати барномасозии Doodle.tj, Далер Халилов, Аминҷон Раҳмонзода ва Мубориз Субҳонов аз барандагони ҷоизаи Кумитаи ҷавонон дар ин феҳрист шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.