Баъди истирдод аз Русия ва расидан ба Тоҷикистон размикори ММА ва блогери маъруф Чоршанбе Чоршанбиевро мустақиман дар фурудгоҳи Душанбе боздошт намуданд. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳо тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ айбдор карда мешавад.

Ин размикор дар байни ҷавонон машҳур аст. Баъди боздошташ корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳимояти ӯ бархеста, барои раҳоии ин размикор флешмоб роҳандозӣ намуданд.

Дар ин мавод мо тасмим гирифтем, ки ҳамаи чизи маълумро дар бораи ӯ гирдоварӣ намоем.

Чоршанбиев барои чӣ айбдор дониста мешавад?

Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нисбати Чоршанбиев мутобиқи ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ - 189 (Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) ва 307 ( Ташкили фаъолияти созмони ифротгаро (экстремистӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз кард.

Мақомот ӯро ба он айбдор мекунанд, ки ба ҳайси як блогер дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста аз суханҳои иғвоангез истифода мебурд, бахусус дар саҳифаи шахсии худ дар Instagram ба барангехтани кинаву адовати миллӣ ва даъват ба бетартибиҳои оммавӣ машғул буд.

Дар маълумоти расмии прокуратура инчунин зикр шуда буд, ки нисбати Чоршанбиев ҳанӯз моҳи майи соли 2014 аз ҷониби ШВКД шаҳри Хоруғ мутобиқи моддаи 244 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида буд. Ӯ ба дуздии амволи шахсии сокини Хоруғ Абдулназар Мамадкаримов айбдор дониста шуда, моҳи ноябри соли 2014 нисбаташ авф мавриди амал қарор гирифт.

Акс аз саҳифаи Чоршанбиев дар Instagram

Размикори касбӣ

Чоршанбе аз синни хурдӣ ба варзиши сабук машғул буд ва сипас ба навъҳои размикорӣ гузашт, то ки худро ҳимоя карда тавонад. Ин навъи варзиши нав Чоршанберо ҷалб намуда,  бо назардошти ғайрату қобилияти ӯ, дере нагузашта мураббии пуртаҷриба Амрон Мусифшоев ӯро зери тарбияи худ гирифт.

Аз соли 2016 дар қувваозмоиҳои касбии омехта ҳунарнамоӣ мекард. Чоршанбе ҳамагӣ 10 қувваозмоӣ гузаронида, дар 6 муҳориба ғолибият ба даст овардааст ва дар 3-тоаш шикаст хӯрда, як қувваозмоӣ мусовӣ анҷом ёфтааст. Дар мусобиқаҳои чунин промоушенҳо ба монанди FNG, OFS, GRP иштирок кардааст. Бо ҳарифоне чун Артур Шапиев, Абдулсалом Абакаров, Уткирбек Ҳотамов рақобат кардааст.

Дар ба истилоҳ поп-ММА Чоршанбиев ба ситораи маҳаллӣ табдил ёфт: хуб рақобат карда, дар нишастҳои матбуотӣ рафтори ҷолиб дошт ва мудом иштирокчии муноқишаҳои гуногун мешуд.

Аз саҳифаи Чоршанбиев дар Instagram

Блогери маъруф

Чоршанбе Чоршанбиев ба таври кофӣ дар Инстаграм маъруф буда, шумори обуначиёнаш зиёда аз 430 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар блогии шахсии худ варзишгар аксҳоеро аз сайругашту тамринҳо барои омодагӣ ба қувваозмоӣ мегузошт. Ҳамчунин ӯ тамғаи либоси худ - URJ WEAR-ро таблиғ мекард. Бо изҳороти ҳангомадор доимо ба пахши мустақими Инстаграм мебаромад.

Дар поп-ММА ӯ ситораи воқеӣ аст. Зикри номи ӯ дар сарлавҳаҳо шумори зиёди тамошобинони видеоро дар Youtube ҷамъ меовард.

Дӯстдори изҳороти ғайриоддӣ

Тавре дар боло зикр кардем, Чоршанбиев пахши изҳороти ғайриодӣ ва ҳангомадорро дӯст медошт. Изҳороти охирини ӯ зимни мусоҳиба ба шабакаи Iron King-и Youtube садо дод. Дар ин изҳорот ӯ русҳоро ба миллатгароӣ айбдор мекунад.

“Ҳамаи вариантҳоро мебинам, то ки раводид гирифта, чӣ тавре ки мегӯянд, ҳарчи зудтар ин ҷоро тарк кунам. Маскав ба дилам зад! Ин ҷо ба ман маъқул нест. Ман ин шаҳру ин кишварро дӯст намедорам. Одамҳояш ҳам ким-чӣ хел. Аз ин рӯ, аз ин ҷо ҳарчӣ тезтар рафтан даркор аст... Ин ҷо ман 5 сол машқ мекунам ва чизҳоеро, ки надидам.Дар ин хусус гап намезанем, ҳамин тавр, мухтасар. Ин ҷо писандам нест. Чизи бадтарин дар русҳо? Миллатгароӣ. Ин ки онҳо миллатгароянд. Бале (бо миллатгароӣ бисёр дучор шудаам). Ҳатто байни ҷавонон ҳам ин зуҳурот вуҷуд дорад. Дар бораи калонсолон ҷойи гап ҳам нест. Лекин ҷавононе ҳам ҳастанд, ки чунинанд”, - гуфт Чоршанбиев.

Чобуксавор (дӯстдори суръати баланди мошин)

Ба ғайр аз варзиш, Чоршанбиев бо суръати баланд рондани мошинро дӯст медорад, ки барои ҳамин ӯро аз Русия ихроҷ карданд. Чоршанбиев рӯзи 3 декабр нашри навори видеоии яке аз лаҳзаҳои рондани автомашинаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард, ки дар он блогер сари чанбараки “Toyota Camry” бо нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар нақби Лефортово мошин меронад. Пас аз ин боздошт шуд. Ин наворро худи ӯ дар шабакаи иҷтимоӣ гузоштааст. Тибқи маълумоти мақомоти пулис, варзишгар шаҳодатномаи ронандагии қонунӣ дар қаламрави Русия ва полиси ОСАГО надошт. Автомашина ба ҷаримагоҳ фиристода шуд. Ин автомашина зиёда аз 100 ҷаримаи пардохтнашуда дошта, ба номи Чоршанбиев ба расмият дароварда нашудааст.

Моҳи августи соли 2021 Чоршанбиев дар Қазон бо автомашинаи BMW ба симчӯб бархӯрд.Он замон ӯ ба кормадони БДА изҳор дошта буд, ки роҳи ӯро гирифтанд ва автомашинааш аз роҳ берун шуд.

Сурат аз саҳифаи Чоршанбиев дар Instagram

Далелҳои ҷолиб

Чоршанбиев дар соли 2020 хатти либоси шахсии URJ WEAR-ро ба роҳ монда, ба ҳама имкон медиҳад, ки капюшон, поло, футболка, панама, ниқоб, чехол барои телефон ва борониҳои “тамға бо ҳарфҳои калон”-ро харанд.

Ӯ бо холкӯбӣ (татуировка) оро додани баданашро дӯст медорад. Холкӯбиҳо ҳадди ақал дар даст ва гарданаш (тоҷ бо навиштаи King) вуҷуд дорад.

Ҳолномаи мухтасар

Чоршанбиев соли 1995 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омадааст.

Дар бораи ҳаёти шахсиаш (қад 180 см ва вазн 70 кг) маълумот доданро дӯст намедорад, аз ин рӯ, мухлисони сершумораш намедонанд, ки ӯ ҳамсафари ҳаётӣ дорад ё не. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ Чоршанбиев дӯстдориашро танҳо ба пайандону наздикон: волидон, хоҳараш, бародар ва ҷиянаш изҳор мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.