Тайи чанд рӯзи ахир арзиши билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия ба таври назаррас боло рафт. Агар то Соли нав харидани он бо маблағи аз 2 то 3 ҳазор сомонӣ (аз 177 то 265 доллар) имкон дошт, пас ҳоло нархи билетҳо қариб ду баробар - зиёда аз 6 ҳазор сомонӣ (530 доллар) боло рафтааст. Ин зиёдтар аз нархи муқарраркардаи Агентиии авиатсияи граждании кишвар ба парвоз аз Душанбе ба Маскав ва бозгашт мебошад.

“Арзиши билети ҳавопаймои хатсайри Душанбе-Маскав, ки 15-уми январ аз ҷониби ширкати «Уралские авиалинии» анҷом дода мешавад, 6 ҳазору 319 сомониро ташкил медиҳад, - хабар доданд дар яке аз хазинаҳои билетфурӯшии Душанбе. - Худи ҳамон рӯз бо як нишаст (пересадка) дар Тошканд тариқи ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йуллари метавон бо нархи 4 ҳазору 792 сомонӣ ба Маскав парвоз кард».

Ба ғайр аз Маскав, нархи парвозҳо ба шаҳрҳои дигари Русия низ боло рафтааст. Барои сафар ба Екатеринбург ба мусофирон лозим меояд, ки 5 ҳазору 987 сомонӣ маблағ пардохт кунанд.

“Билети хатсайри Душанбе-Екатеринбург барои рӯзи 15 январ, ки ширкати “Уралские авиалинии” иҷро мекунад, 5 ҳазору 387 сомонӣ ва хатсайри Душанбе-Челбинск - 3 ҳазору 707 сомониро ташкил медиҳад”, - гуфтанд дар хазина (касса).

Яке аз фурӯшандагони хазинаҳои пойтахт бо номи Алишер ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки босуръат болоравии арзиши билетҳои ҳавопаймо ба оғози мавсими нав ва талаботи баланди мусофирон вобаста аст.

“Тайи ҳафтаҳои ахир талабот ба билетҳои ҳавопаймоӣ босуръат зиёд шуда, дар баробари ин, арзиши онҳо бамаротиб боло рафт. Дар ҳамин ҳол, болоравии арзиши билетҳо натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақа ба мушоҳида мерасад”, - мегӯяд Алишер.

“Ширкатҳои ҳавопаймоӣ гунаҳкор нестанд”

Намояндаи яке аз ширкатҳои ҳавопаймоии Русия дар Тоҷикистон бо номи Абдуҳабиб (ном иваз шудааст) ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки агар сабаби якум ва дуюми қиматшавии билетҳо ба оғози мавсими нав ва афзоиши нархи авиакеросин вобаста бошад, сабаби сеюмаш - арзиши баланди хидматрасонии фурудгоҳҳо мебошад.

“Хидматрасонии фурудгоҳҳои Тоҷикистон аз дигар фурудгоҳҳои минтақа қиматтаранд. Ҳама савол медиҳанд, ки “чаро билети ҳавопаймо аз Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба Русия арзонтар аст, ҳарчанд ҳамон як ширкати ҳавопаймоӣ бошад ҳам?”. Барои ин, ки хидматрасонии ин фурудгоҳҳо барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ нисбат ба Тоҷикистон арзонтар меафтад. Барои ҳамин билетҳо ҳам арзонтар мешаванд”, - иброз дошт Абдуҳабиб.

Ба гуфтаи манбаъ, маблағи хидматрасонии фурудгоҳҳо ҳам дар нархгузорӣ ба назар гирифта мешавад.

Ӯ аз эҳтимол дур намедонад, ки агар қиматшавии билетҳои ҳавопаймо бо чунин суръат давом кунад, шояд вазъи баҳори соли 2021 такрор шавад: зиёда аз 14 ҳазор сомонӣ нархи билет ба Маскав.

Агентии авиатсияи гражданӣ хомӯш аст

“Азия-Плюс” талош варзид, ки дар мавриди қиматшавии билетҳои ҳавопаймо аз Агентии авиатсияи гражданӣ шарҳ бигирад, лекин ба зангҳои сершумори мо дар он ҷо посух надоданд.

Баҳори соли 2021 директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки арзиши билетҳо аз як самт ва бозпас аз он ҷо набояд аз 500 доллар зиёд шавад.

“Пас аз таҳлил ва омӯзиши хароҷоти ширкатҳои ҳавопаймоӣ, мо дар бораи 500 доллар муайян кардани арзиши билетҳои ҳавопаймо аз як самт ва бозпас қарор қабул кардем. Масалан, агар аз Душанбе ба Маскав талаботи мусофирон зиёд бошад, онҳо билетро 300-350 доллар монда метавонанд, лекин билети бозпас аз Маскав ба Душанбе бояд 150-200 доллар нарх дошта бошад. Онҳо ҳамеша бояд дар назар дошта бошанд, ки нарх ба ҳар ду самт набояд аз 500 доллар зиёд шавад”, - гуфта буд ӯ он замон.

Ҳамон вақт ӯ аз мусофирон даъват карда буд, ки дар сурати пешниҳод намудани билетҳо бо нархи аз 500 доллар баландтар ба хатсайрҳо, дарҳол ба Агентии авиатсияи гражданӣ муроҷиат кунанд ё ба телефони боварӣ бо рақами 236-53-34 занг зананд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.