Вазъи феълии минтақа ноустувор буда, таҳдидҳои террористӣ, ки аз марказҳои дахлдор бармеоянд, ба амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаи ғарбии Чин пайваста таҳдид мекунанд, ки барои Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022 дар Пекин таҳдиди фаврӣ аст, зикр мегардад дар изҳороти КДАМ Тоҷикистон, ки дар сомонаи АМИТ “Ховар” нашр шудааст.

“Ҷониби Тоҷикистон аз Пекин барои баргузории бехатар ва  муваффақонаи Бозиҳои олимпӣ қатъиян пуштибонӣ мекунад”, - омадааст дар изҳорот.

Гуфта мешавад, аз ҷониби дигар, дар вақти муқарраршуда варзишгарони тоҷик ва ҳайати кишвар дар Олимпиада ширкат варзида,  КДАМ ҶТ ҷиҳати рафъи таҳдидҳои эҳтимолӣ ҷиҳати таъмини амнияти варзишгарони тоҷик ва ҳайати мо, инчунин баргузории  муваффақонаи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ чораҳои зарурӣ меандешад.

АМИТ «Ховар» хотиррасон менамояд, ки то Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022 дар Пекин на кам аз як моҳ мондааст ва таваҷҷуҳи варзишгарону дӯстдорони варзиши зимистона ба бозиҳо дар ҷаҳон меафзояд. Аз 4 то 20 феврали соли 2022 беҳтарин варзишгарони намудҳои зимистонаи варзиш барои дарёфти 109 медали тиллои олимпӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ҳамчунин дар шаҳри Чжантсзякоу ҷамъ меоянд.

Гуфта мешавад, дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022 109 мусобиқа дар 15 ришта дар 7 намуди варзиш: биатлон, бобслей, кёрлинг, конкиронӣ, лижаронӣ, чанаронӣ ва хоккей ба нақша гирифта шудаанд.

Қарор аст, ки 109 маҷмӯи медалҳо тақдим карда шаванд, ки нисбат ба бозиҳои Пхенян-2018 7 маҷмӯи медалҳо зиёд аст. Мусобиқаҳои нав аз рӯи бобслей, аз ҷумла аввалин бобслейи занона, шорт-трек, фристайл, трамплин ва сноуборд баргузор мешаванд. Ба барномаи бозиҳо инчунин намудҳои нави лижаронии озод барои мардон ва занон – биг эйр, ҷаҳишҳои омехтаи даставӣ, сноуборд- кросс, варзиши сабуки омехтаи дохил карда шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.