Пеш аз оне, ки ин матлаб навишта шавад, як назарсанҷӣ байни фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархе таҳлилгарон анҷом додам:

“Дар тасаввури Шумо суд ва судяи мустақил  чӣ гуна аст?”

Посухҳо тахминан ҳамоне буданд, ки интизор доштам:

  • Пора намегирад;
  • Қонунро аз ҳама боло медонад ва барояш “хоҳиши” касе муҳим нест;
  • Шарофати инсониро зери по намекунад ва ҲАҚИҚАТро аз ҳама боло медонад;
  • Маҳкум кардани ҳар кас осон менамояд, аммо ҷавоб додан ба кирдори худ дар назди Худо осон нест;
  • Суди мустақил мурофиаро ХОНАИ АДОЛАТ меҳисобад ва медонад, ки агар одамон аз суд дилмонда шаванд, умед ба оянда ва адолатро аз даст медиҳанд. Ин хатари ногуфтанӣ дорад...;
  • Судяе, ки фурӯхтаву харида намешавад ва  арзишҳои муҳиму дурусти инсониро соҳиб аст;
  • Судро одил ва ноодил гуфтан душвор. Ба фикрам судя бояд фақат дар доираи талаботи қонун кор кунад, ҳатто вақте ҳукмаш барои дигарон нофорам, ё аҳмақона намояд...

Ин ҳама назарҳоро мешавад чунин хулоса кард: суди мустақилу одил онест, ки ду ҳарфи асосӣ дорад: НЕ!

  • Ба фасоду ришва!
  • Ба “гапи боло”!
  • Ба “чашм пӯшидан” аз гуноҳ!
  • Ба “тақозои замона”...

Пас судяи мустақил панҷ ҳарфи дӯстдоштанӣ дорад: ҚОНУН!

Идомаи назарсанҷии ман метавонист саволи дигар бошад:

“Оё чунин судяи фаъолеро дар Тоҷикистон медонед?”.

Онро махсус пешниҳод накардам. Тасаввур мекардам чӣ шӯру валвалае ба по мехест ва он ҳамаро ҳам дар ду ҳарф хулоса кардан зарур мешуд: НЕ!

Не?

“Хезед, суд меояд!”

Сайёра Олимовнаи 25-сола судяи ноҳияи Марказӣ (Фирдавсии феълӣ)-и Душанбе

Номаълум, ки судяҳо ҳоло бо чӣ орзуе ба факултаи ҳуқуқшиносӣ дохил мешаванд. Ба умеди сарватманд шудан? Ба хотири таъмини адолат? Барои ...савол гузоштан?

Як чӣ маълум аст. Таъбири “Хезед, суд меояд!” гапи андак нест. Хоса вақте “Аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон...” ҳукмнома мебароранд. Масъулияти зиёд, ҷавобгарӣ дорад. Имрӯз ё фардо. Пеши халқ ё Худо? Муҳим ҳамин аст. Ин масъулият мисли бархе бандҳои Кодекси ҷиноятӣ бемӯҳлатанд ва гунаҳкор ҳатман ҷазои сазовор мегирад...

Дар ҳамин чанд соли ахир инҷониб танҳо як судяи то ҷое бавиҷдони ҷавонро вохӯрдам, ки аз рӯи “тақозои замон” кор накард. Як парвандаи дар назар одии баҳси ду ҷонибро, чун дар пушти “даъвогар” одами пулдори бевиҷдон меистоду дар ниҳодҳое пуштибон дошт, як сол ба дарозо кашид, аммо ҳукм набаровард. Ахиран маҷбур шуданд он парвандаро аз дасташ бигиранд ва ба як судяи “таҷрибадор” бидиҳанд. Ӯ ду ҷавони бегуноҳро ба 10 соли зиндон маҳкум кард. Ба ин парванда, ки ҳатман сару садо ба вуҷуд меорад, вақти дигар бармегардем...

Вақте бо “не!” судя шуд...

Қаҳрамони матлаби мо ҳам ҳарфи худро аз “Не!” шурӯъ кардааст. Аслан ӯ метавонист “сари бебало” ва зиндагии хеле роҳат дошта бошад. Агар “гирди номи падар” мегашт. Падараш Олим Каримов яке аз собиқадорони умури амниятии Тоҷикистон беш аз 20 сол роҳбарии бахши амнияти вилояти Кӯлобро ба зимма дошт. Кӯдакии Сайёра Олимовна низ дар шаҳри Кӯлоб сипарӣ шуд. Аммо мактаби миёнаро дар пойтахт хатм кард, чун падарашро дар дастгоҳи марказии Кумитаи бехатарии Тоҷикистон масъулият доданд.


Пас аз тамом  кардани мактаб ба Техникуми савдои шаҳри Душанбе дохил шуд. Онро хатм кард, вале шояд эҳсос намуд, ки савдо наметавонад бахше бошад, ки тавонмандиҳои ӯро ошкор намояд. Ё шояд маҳз ба хотири фаҳмидани махсусиятҳои бахши савдо, ки дар он замон аз соҳаҳои пурмоҷаро ба ҳисоб мерафт, аввал дипломи бахши савдоро гирифт ва пасон ҳуқуқшинос гардид. Ҳарчӣ буд, ё на, пас аз гирифтани дипломи техникум ба бахши шабонаи факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ дохил шуд.

Ҳамзамон ба кор дар Кумитаи комсомол сар кард. Ба кор ӯро Султон Мирзошоев қабул намуд, ки он замон роҳбарии ин ниҳоди муҳимро ба ӯҳда дошт. Фаъолияти кории Сайёра аз котибии техникӣ шурӯъ гардид. Чун комсомол он замон ҷойгоҳи махсус дошт ва манбаи асосии кадр – “лифти иҷтимоӣ” барои ба зинаҳои баланди мансаб расидани одамон ҳисоб мешуд, ин таъинот дар фаъолиятҳои Сайёра Олимовна беасар намонд.

Дертар ҳамроҳ бо 13 духтари фаъоли дигар ӯро ба Мактаби олии комсомол, ки дар пойтахти СССР шаҳри Москва қарор дошт, ба таҳсил фиристоданд. Пас аз бозгашт ӯро аввал инструктори созмонҳои комсомолӣ ва андактар мудири шӯъбаи умумии Кумитаи комсомол таъин намуданд.

Дар матолиби бахшида ба ин бонуи номдор мехонем, ки як замон котиби комсомоли Тоҷикистон Гулҷаҳон Бобосодиқова номзадии Сайёраро ба котибии комсомоли мактабҳои Тоҷикистон пешниҳод намуд.  Масъулияти баланде буд ва  ин таъинот пас аз муҳокимаи роҳбарияти вақти Тоҷикистон сурат мегирифт. Сайёра Олимовна ба ин пешниҳод ҷавоби рад дод. Новобаста аз ин, Бобосодиқова, ки дар симои ин духтари ҷавон  шояд духтари ояндадореро дида буд, аз фикраш нагашт ва ин мавзӯро барои баррасӣ ба Бюрои Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон пешниҳод кард.

Аммо Сайёра аз фикраш нагашта буд. Дар ҳузури аъзои Бюро ҳам гуфт, ки ин пешниҳодро қабул карда наметавонад. Барои роҳбарияти мамлакат ин гуна мавқеъгирии як духтари ҷавон ногаҳонӣ ва ҳайратзо буд.

Котиби якум Сайёра Олимовнаро хуб мешинохт. Аниқтараш падарашро. Зеро  ҳар боре ба сафари Кӯлоб мерафт, ҳатман дар хонаи онҳо меҳмон мешуд. Тарбияи гирифтаи ин духтаракро ҳам медонист. Барои ҳамин,  Ҷаббор Расулов аз Бобосодиқова пурсид:

  • Агар ӯ намехоҳад, чаро номзадиашро пешниҳод кардед?

Бо ҳамин ин мавзӯъ аз миён рафт. Аммо як рӯзи дигар боз зарурат пеш омад, ки Сайёраи ҷавон “не” гуфтани худро такрор намояд.

Боре раиси Суди Олии Тоҷикистон Султон Раҷабов ӯро ба ҳузураш хонд. Бо раиси Суди олӣ Сайёра аз замони фаъолияташ ба сифати котиби техникии комсолмол шинос буд, чун ҳуҷҷату асноди Бюрои марказии комсомолро ба назди аъзои ҳукумат ва мансабдорон маҳз ӯ мебурд. Зимни вохӯрӣ Раҷабов пурсид, ки чӣ ихтисос дорад?

Сайёра посух дод: соҳиби дипломи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллист.

Раиси Суди олӣ пешниҳод кард, ки ба кор дар низоми судӣ гузарад. Сайёра муадабона боз рад намуд. Раҷабов сахтгирӣ накард.

Дар вохӯрӣ бо Валентина Терешкова

Аз байн хеле вақт гузашт. Сайёра ин сӯҳбатро ба гӯшаи фаромӯшӣ супурд. Аммо на... мавзӯъ ҳамоно мавриди баррасӣ будааст. Ин бор ӯро “одами дуюми Тоҷикистон” Иван Ковал ба наздаш даъват намуд. Ин одам дар мақоми расмӣ котиби дуюми КМ ҲКТ бошад ҳам, ҳатто беш аз Ҷаббор Расулов таъсир дошт.

Пас аз сӯҳбати кӯтоҳ котиби дуюм бо чеҳраи ҷиддӣ ва оҳанги қотеона гуфт: акнун ба сифати судя кор хоҳӣ кард!

Эҳтимолан ин мавзӯро раиси Суди олӣ аз котиби дуюм хоҳиш карда бошад.

Қатъияти Ковал аз мавқеъгирии сахтгиронаи Сайёра албатта қавитар буд. Барои ҳамин розигии худро дод...

Баъди ин номзадии ӯро дар корхонаҳои калони Тоҷикистон ба баррасӣ гузоштанд. Интихоби судяҳо дар замони шӯравӣ ба ҳамин тартиб буд. Пас аз вохӯриву мулоқотҳои зиёд номзадии судяро Бюрои КМ ҲК хулоса мекард. Пас аз маъракаи гарми интихоботӣ Бюро Сайёраро ба сифати судяи халқӣ дар ноҳияи Марказии собиқ (ҳоло Фирдавсӣ) тасдиқ намуд.

Бо ҳамин, аз соли 1965 Сайёра Олимовна ба кор дар мақомоти судӣ сар кард ва тақрибан 50 соли зиндагии баъдинаи худро ба соҳаи судиву ҳуқуқшиносӣ бахшид.

Воқеан, ӯ ба зудӣ исбот намуд, ки дар ин соҳа низ одами тасодуфӣ нест. Барои ҳамин тақрибан аз рӯзҳои аввали фаъолияташ матбуоти даврӣ дар бораи ин судяи ҷавону принсипнок матолиби зиёд навишт.

Сайёра Олимовна аз раҳнамои худ - раиси Суди Олии Тоҷикистон Султон Раҷабов то охири умр миннатдор гардид.

Як нуктаи муҳим: солҳо пас ӯ тавонист раиси Суди олиро аз як бадномӣ раҳо кард. Бигзор пас аз марг...

Дипломе, ки барояш дар кобул сафири СССР супурд

Сайёра Олимовна дертар, дар баробари  фаъолият дар мақомоти судӣ, тасмим гирифт ба омӯзгорӣ ҳам машғул шавад. Дар факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ аз фанни ҳуқуқи ҷиноӣ дарс медод. Соли 1970 бошад, ба бахши ғоибонаи аспирантура ҳуҷҷат супурд ва соле пас, чун ба бахши рӯзона гузашт, бо хоҳиши худ аз кори судягӣ рафт.  Рисолаи номзадиаш мавзӯи “Принсипи  мустақилияти судҳо  ва танҳо  ба  қонун  итоат  намудани  онҳо» -ро баррасӣ мекард. Феврали соли 1972, пеш аз мӯҳлат рисолаи худро ҳимоя кард. То солҳои наздик ин ягона бонуе ба ҳисоб мерафт, ки дар мавзӯи ҳуқуқи мурофиавӣ – ҷиноӣ рисола ҳимоя кардааст.

Роҳбарони илмиаш олимони шинохтаву таъсиргузоре чун декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Ленингард, профессор Алексеев, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Строгович, ки  асосгузорони  мактаби  ҳуқуқи ҷиноятӣ ва  мурофиавии  ҷиноятии  СССР  эътироф  шуда  буданд, ба ҳисоб мерафтанд ва аз ин хотир кораш баҳои  баланд  гирифт.

Пас аз ҳимоя ӯ ба сафари Афғонистон, ки шавҳараш Азимҷон Юсупов масруфият дошт, омодагӣ дид. Дар натиҷа дипломи номзадии илми ҳуқуқро барояш сафири шӯравӣ Кирпин дар Кобул супурд.

Сайёра Олимовна якчанд сол бо оилааш дар Афғонистон зиндагӣ ва фаъолият доштанд ва чун масъулияти ҳамсараш тамом шуд, ба Тоҷикистон баргаштанд.  


Пас аз бозгашт ӯро судяи Суди олии Тоҷикистон таъин карданд. Дертар ба масъулияти боз ҳам ҷиддитар - роҳбари коллегияи судӣ оид ба корҳои ҷиноии Суди олӣ, ки мурофиаҳои пурсару садоро муҳокима мекард, таъин шуд. То соли 1997 дар ин мақом фаъолият дошт. Солҳои вазнин, ки бо парвандаҳои хеле печидаву гӯшношунид рӯ ба рӯ буданд.  Принсипнокии ин судя, ки акнун хеле таҷриба андӯхта буд, борҳо адолати судиро барқарор намуд. Дар таҷрибаи 28-солаи судиаш ягон маротиба хукми баровардаи ин судяи адолатпарвар беътибор  ё ин ки бекор нашудааст!

Ҳоло аст, ки анқариб дар бораи ҳукмҳои сафедкунандаи судяҳо маълумоте намехонем. Аммо дар таҷрибаи Сайёра Олимовна ин гуна ҳукмҳо борҳо пеш омаданд. Зеро ӯ тафтишоти воқеии судиро анҷом медод, далелҳои айбдоркуниро зери суол мебурд ва дар натиҷа муҳокимаву ҳукмҳои одилона пеш меомад. Он ҳам, тавре ишора шуд, дар парвандаҳои пурсару садо.

Махсус бояд аз овони шӯравӣ ёд овард, ки дар  он  давра  ҳар  як  парвандаи  ҷиноятӣ,  ғайр  аз  он  ки дар  Суди  Олии Тоҷикистон  баррасӣ  мегардид,  пасон аз  ҷониби  Суди  Олии СССР  барои  омӯзиш  фиристода  мешуд ва ҳарфи ахирро онҳо мегуфтанд, то  ҷанбаҳои қонунии  ҳукмнома  бори  дигар  мавриди  таҳлилу хулосабарориҳо  қарор  гирад.

Бо ин вуҷуд, ягон ҳукми Сайёра Олимовна бекор нагардид ва барои тафтишоти иловагӣ ҳам фиристода нашуд. Ҳарчанд, тавре зикр кардем, парвандаҳои пурсару садоро муҳокима намуда буд...

“Онҳоро туҳмат кардаанд!”


Дар  замони  шӯравӣ  ҷиҳати ҳукми одилона  баровардан  парвандаҳои  овозадорро  барои баррасӣ  аз  суди  як  ҷумҳурӣ  ба Судҳои Олии  ҷумҳуриҳои дигар  равон  мекарданд. Яке  аз  чунин  парвандаҳои махсус нисбати  котиби аввали  ҳизбии  вилояти Тошканди  Ҷумҳурии  Ӯзбекистон,  шахси  дар  замони  худ маъруф  Мирзомаҳмуд Мӯсохонов ба  шумор  мерафт.  Роҳбарияти Суди Олии Тоҷикистон, вақте Суди Олии СССР ин парвандаро ба онҳо барои баррасӣ фиристоданд, барои баррасии мунсифона ба  зиммаи  Сайёра  Олимовна  вогузор намуд. Таҳлилу  кушодани  муаммоҳои  ин  парванда осон набуд. Бо вуҷуди мушкилоти пешомада, судя Юсупова  ба  хулосае омад,  ки  Мӯсохонов дар  гирдоби  тӯҳмат  ғӯтида,  беасос  муҷозот шудааст. Барои ҳамин нисбаташ  ҳукми сафедкунанда  баровард. 

Чунин мисолҳо дар таҷрибаи кории Сайёра Юсуфова кам набуданд. Ӯ охири солҳои 70 – и асри 20 баррасии чандин парвандаҳои судяҳоро, ки бо иттиҳоми гирифтани пора ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ ба зиндон равона шуда буданд, дигарбора таҳқиқ намуд ва дар аксари ҳолат исбот намуд, ки онҳо гирифтори тӯҳмат шудаанд. Аз ҷумла, парвандаҳои судяи суди ноҳияи Роҳи Оҳани (Шоҳмансур ) шаҳри Душанбе С. Исмоилов,  раиси  суди  собиқ  вилояти  Кӯлоб Ҷ. Раҳмонов  ва  дигаронро, ки маҳкумшудагон  бо шикоятҳои  назоратӣ  ба  Суди  Олӣ  муроҷиат  намуданд, маҳз Сайёра Олимовна баррасӣ намуд. Баъди  омӯзиши  маводи  парвандаҳо Сайёра  Олимовна ба хулосае омад,  ки  ин шахсон бе вуҷуд  доштани  далелҳои  исботкунандаи  гуноҳашон  маҳкум гардидаанд.  Дар  асоси  эътирози  омоданамудаи судя Юсуфова  Раёсати  Суди  Олӣ  ҳукм нисбати  Исмоилов,  Раҳмонов, ва дигаронро  бекор  карда,  онҳо  сафед шуданд.  Ба бархе аз маҳкумшудагони собиқ, ҳатто барои додани зарари  маънавӣ,  маблағҳои калони пули шӯравӣ ситонида  шуданд.

Иҷрокунандаи собиқи вазифаи Прокурори генералии Тоҷикистон, адвокати машҳур Солеҳҷон Ҷӯраев мегӯяд, дар ҳақиқат ба ҳарфи Сайёра Олимовна дар мақомоти марказии судиву ҳуқуқии СССР ҷиддӣ муносибат мешуд ва онҳоро ба назар мегирифтанд. Чунинҳо дар суди Тоҷикистони шӯравӣ зиёд набуданд...

Воқеан, Сайёра Олимовна ду маротиба дар солҳои 80-ми асри гузашта, ба аъзогии судяи Суди олии СССР ноил гашта буд, аммо бо сабабе, ки шавҳараш Азимҷон  Юсупов корманди Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон буд ва ҳамзамон дар хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Афғонистон карор дошт, хамчун зани оиладор аз пешниҳод ва боварии баланди ҳукумат ва роҳбарияти Суди Олии СССР бо сабабҳои узрнок даст кашид...

Вақте шогирд устоди худро сафед намуд...

Устоди Сайёра Юсуфова дар мақомоти судӣ, ҳамон тавре зикр шуд, раиси Суди Олии Тоҷикистон Султон Раҷабов ба ҳисоб мерафт. Аввали солҳои 80 -ум ӯ мушовири Котиби генералии ҳизб дар Афғонистон таъин шуд. Дертар ӯро бо иттиҳоми қочоқи сангҳои қимматбаҳо боздошт ва ба Москва интиқол доданд. Барои муддати тӯлонӣ равонаи зиндон гардид. Бадбахтона дар маҳбас фавтид. Шояд доғи бадномиро бардошт карда натавонист...

Пас аз 15 сол шогирдаш Сайёра Олимовна ба таҳқиқи ин парванда машғул шуд. Ҳарчанд аллакай ба истеъфо рафта буд, раиси Суди Олии Тоҷикистон Убайдулло Давлатов машғул шудани маҳз Юсуфоваро дархост намуд. Ба дархосташон дар бораи маълумоти зарурӣ оид ба ин парванда аз Русия посухи мусбат омад. Ҳамин тавр барои омӯзиши ин парвандаи шашҷилда тамоми аснод пайдо шуд. Ӯ ҳамчунин бо санадҳои байналмилалӣ, маълумотномаи гумрукии вақт ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳим ошно шуд. Дар натиҷа хулосаи худро омода сохт ва дар Пленуми Суди Олӣ беш аз ду соат суханронӣ намуд. Дар заминаи он Суди Олии Тоҷикистон Султон Раҷабовро сафед намуд!

Бо дарназардошти ин, ҳоло дар шаҳри Ҳисор як кӯча ва мактабро ба номи Султон Раҷабов гузоштаанд, ки барои ин ҳама саҳми шогирди адолатпешааш аз ҳама зиёд аст...

Вақте беадолатӣ нисбати шогирдашро таҳаммул накард...


Баъди истеъфо рафтанаш Сайёра Юсуфова пурра ба кори илмӣ ва донишгоҳӣ гузашт. Аслан, тавре гуфтем, ӯ ҳанӯз аз замони аввали фаъолият дар мақомоти судӣ ба ин кор машғул буд. Аммо пас аз истеъфо ӯ ба сифати нахустин декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи ҶТ ба кор шурӯъ кард. Асосҳои ин факултаро маҳз ӯ гузошт.

Дар давоми фаъолияти устодӣ беш аз  20  нафар  докторону  номзадҳои илми  ҳуқуқро  тарбия  намудаст. Қисмати  дигари шогирдонаш дар  мақомоти судӣ  фаъолият доранд.

Моҳи  сентябри  соли  2019  дар синни 80 солагӣ ин судяи одилу бовиҷдон ва олими пуркор оламро падруд гуфт....

Справка по теме

Сайёра Олимовна ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ҳаммуаллифи Кодекси ҷиноии айни ҳол амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз аввалин ташаббускорони манъ карда шудани ҳукми қатл дар Тоҷикистон буда, якумин бонуи тоҷик аст, ки рутбаи генералиро ҳам соҳиб шудааст. Ӯ муаллифи даҳҳо мақола ва монографияҳо оид ба мушкилоти занон, наврасон ва дигар қишру категорияҳои ҷиноятӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.


Декани собиқи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, шахсияти маъруфи кишвар Ойниҳол Бобоназарова зимни суҳбат бо мо дар бораи ин шахсият чунин сифатҳоро раво диданд:

  • Барои ман Сайёра Олимовна ифтихор буд, ҳаст ва мемонад. Ба сифати яке аз беҳтарин аъзои Суди Олии кишвар. Ҳама он парвандаҳои вазнине, ки на ҳама ҷуръати баррасиро мекарданд, ба ӯ супориш медонанд. Яке аз шахсият ва судяҳои нотарс буданд ва саводи баланди касбӣ доштанд. Омода буданд онҳоеро, ки бо туҳмат маҳбас мешуданд, сафед кунад. Зеро шахсияти одил ва бообрӯ ба ҳисоб мерафтанд. Он кас шогирдони зиёд доштанд, ки эҳтиромаш мекарданд. Бовуҷуд, пеш аз нафақа рафтанашон як мушкилӣ барояш сохтанд, ростӣ ман аниқ намедонам ин кор сохта буд ё на. Аммо ба ман як дӯстам занг зада, гуфт, ки “муаллима – Олимовна дар як ҳолати ногувор ҳастанд ва хуб мешавад, ки ба он кас кӯмак кунед”.
Дар туйи арӯсии наберааш

Ман бо муаллима Юсуфова дар тамос шудам ва ҳис кардам, ки нороҳатанд. Маълум шуд, ки нисбати кадом шогирдаш парванда сохтаанд. Гуфтам, агар  вақт доред, биёед ба Алмаато меравем. Мақсадам ин буд, ки муҳитро дигар намоем ва аз мушкилоте, ки дигар дар пешорӯяшон ночор монда буд, он касро каме фосила диҳам. Ба Алмаато рафтем ва як ҳафта истодем. Ба муаллима дидани осорхонаҳо зиёд писанд буд, ба чандин осорхона рафтем. Ҳамчунин расмҳое, ки дар кӯча мекашиданд, писанди он кас буд. Аз он ҷо бо худ чанд расмро овард.

Ба ҷуз он ки судя, модар ва як дӯсти бисёр содиқ буд, ҷаҳонбинии васее доштанд. Бештар китобҳои классикӣ мехонд, шеър менавишт. Барои ман як нафари намунаи ибрат буд, афсус, ки бемор шуда, ин дунёро тарк карданд. Суди Олӣ ва адолати судӣ бисёр шахсияти доно ва кӯмакрасонро аз даст дод.         

Вақте адолатро ба бону бовар карданд...

Шояд барои бархе ҳамоно судя будан маъноҳои гуногун дорад: даромади зиёд, шахси бологузар, нафаре, ки ӯро аз сари тарс эҳтиром мекунанд....

Дар асл судя ё қозӣ будан рисолати бузурги пурмасъулият аст.

Ривоят мекунанд, ки дар давраи халифа Ҳазрати  Умар (р.а.), миёни саҳоба Убай бин Каъб ва халифа нофаҳмие мешавад ва ҷиҳати рафъи нофаҳмӣ назди қозии Мадина Зайд ибн Собит омаданд. Қозӣ, халифа ҳазрати Умар (ра.)-ро дид ва истиқбол намуду чун эҳтиром барои нишастан минбаре гузошт. Халифа Ҳазрати Умар (р.а.) барои ин рафтор чунин гуфт:

- Ин рафтори кардаат, аввалин ҳукми ноадолатии ту ба ҳисоб меравад. Ман бо даъвогарам дар як сатҳ менишинам.

Убай бин Каъб даъвои худро ба қозӣ зикр намуд, аммо халифа ҳазрати Умар (р.а.) қабул накард. Убай бин Каъб қасам ёд кардани Умарро (р.а.) талаб кард. Қозӣ Зайд ибн Собит ба Убай гуфт:

- Маҷбур макун, то халифа қасам бихӯрад. Ӯро аз қасам хурданаш гузар бикун. Агар нисбати дигаре даъво медоштӣ, чунин рафтор намекардам.

Халифа ҳазрати Умар (р.а.) ин таклифро мешунавад ва қаҳролуд шуда, дарҳол қасам ёд мекунад. Баъди он нисбати қозӣ Зайд ибни Собит чунин мефармояд:

- То вақте, ки баробарии халифа ва дигар мусулмонҳоро наомӯзад, даъвои касеро мавриди санҷиш қарор надиҳад.

Мазмун, дарк ва татбиқи ибораи «қонун барои ҳама баробар» ҳамин аст. Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) дар сураи Сад ояти 26 фармудааст:

- Эй Довуд! Мо туро халифаи рӯи замин гардонидем. Дар миёни мардум ба ҳақ доварӣ кунӣ ва аз пайи ҳавои нафс марав, ки туро аз роҳи Аллоҳ (ҷ.ҷ.) бероҳ созад. Онон, ки аз роҳи Аллоҳ (ҷ.ҷ.) каҷрав шаванд, ба он сабаб, ки рӯзи ҳисобро аз ёд бурдаанд, ба азобе сахт гирифтор мешаванд.

Бо наберагонаш

Пас набояд фаромӯш кард, ки мақомоти судӣ охирин даргоҳест, ки мардум ба хотири дарёфти адолат ба он муроҷиат мекунад. Аз даст додани ин эътимод пайомади нохубе дорад...

Воқеан, чун аз бонуи судя гуфтем, як маълумоти дигарро низ наметавон сарфи назар кард: башарият аз аҳди қадим рамзи (символ)-и мизони адолатро ба дасти намояндаи ҷинси латиф - Фемида раво дида буд, ки имрӯз лавҳаи рамзии он рӯйи мизи кории судяҳои олам қарор дорад.

Аммо ҳамаи онҳо моҳияти ин рамзро ба дурустӣ мефаҳманд?

Ин аст савол...