Роҳи мошингарди Душанбе-Чанок бар асари фаромадани тармаҳо, ки айни замон ба тозакунии онҳо машғуланд, то ҳол баста аст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз филиали ширкати IRS, ки масъули дар ҳолати коршоям нигоҳ доштан ва хидматрасонӣ дар ин роҳ аст.
“Кормандони IRS оқибатҳои тармафароиро бартараф намуда, роҳро бо маводи зиддилағзиш коркард мекунанд. Мо ҳамаҷониба кӯшиш карда истодаем, ки оқибатҳои тармафароиро бартараф намуда, ҳамин рӯз роҳро боз кунем”, - гуфт манбаъ аз ширкат.
Ба иттилои манбаъ, давоми шабонарӯз дар қитъаи аз 48 то 73-уми роҳ 13 тарма бо баландии аз 3 то 14 метр ва паҳноии то 200 метр аз роҳ тоза шудаанд.
Гуфта мешавад, кормандони филиал дар минтақаи Зарафшон ба ронандагон ва мусофироне, ки дар ин ҷо қарор доштанд, дар робита ба муваққатан басташавии роҳ хӯрокворӣ тақсим кардаанд.
“Шаҳрвандоне ҳастанд, ки вақте роҳ ба хотир амнияти онҳо баста мешавад, изҳори норозигӣ мекунанд ва мегӯянд, ки чун роҳ пулакӣ аст, бояд ҳамеша кушода бошад. Мо ҳам ҷонибори онем, ки автомшаинаҳо озодона дар ҳаракат бошанд. Лекин офатҳои табиӣ баъзан ба ин кор монеъа эҷод мекунанд. Раҳбарияти IRS бори дигар аз шаҳрвандон дархост мекунад, ки то эълони боз шудани роҳ ва ба хотири бехатарии худи онҳо, аз сафар худдорӣ кунанд”, - изҳор доштанд дар филиали IRS.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи январ низ дар чанде аз қитъаҳои ин роҳ 14 тарма фаромада, ҳудуди 25 автомашина дар роҳ банд монда буданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон мулоқот кард
Ҳамла ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ва "Настояшее Время" пас аз суҳбат бо Улфатхонум Мамадшоева
Оббандии Қирғизистон қулфинайро дар Овчӣ-Қалачаи Суғд пастсифату гаронарзиш кард
Тоҷикистону Миср мехоҳанд дар бахши хадамоти авиатсияи гражданӣ корхона таъсис диҳанд
Байни Душанбе ва Қазон хатсайри нави ҳавоӣ роҳандозӣ мешавад
Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли паҳпод ё тайёраҳои бесарнишини эронӣ сохта шуд
Боздошти як сокини ноҳияи Восеъ дар Хуҷанд бо гумони ғорати кардани хонаи яке аз сокинон
Дар Ӯзбекистон боз мехоҳанд Конститутсияро тағйир диҳанд
Дар Ереван низ беш аз 90 ширкаткунандаи раҳпаймоиҳои мухолифинро боздошт кардаанд
Изҳороти "Азия-Плюс" дар мавриди вазъи ВМКБ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста