Раёсати меъмории Душанбе дар саҳифаи худ дар Facebook суратҳои лоиҳаи ангоравии бинои Қасри фарҳанг дар шаҳри Душанберо нашр кард. Дар бораи ҷузъиёти дигари он маълумот дода намешавад.

Барои дарёфти шарҳи масъала “Азия-Плюс” ба Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт муроҷиат намуд. Кай ва дар куҷо сохта шудани маҷмаа ҳоло маълум нест.


“Чӣ қадар аз буҷети давлатӣ равона шудани маблағ ба сохтмони иншоот ва кай сохта шудани он низ ҳоло маълум нест”, - гуфт манбаъ.

Тибқи лоиҳаи ангоравӣ, аз берун иншоот дар шакли асбобҳои миллии мусиқии тоҷикӣ: дутор, дойра, таблак оро дода шудааст.

Дар суратҳои лоиҳаи ангоравӣ ҳамчунин дида мешавад, ки дар ошёнаи якум толори калони консертӣ ҷойгир аст.


Дар гирду атрофи бино сохтмони таваққуфгоҳ барои автомашинаҳо ба нақша гирифта шудааст.


Дар ҳамин ҳол, зери ин маълумот дар гуруҳ аллакай бисёр ақидаҳои сокинони шаҳр пайдо шуданд, ки аз симои Қасри фарҳанги оянда изҳори норозигӣ мекунанд. Онҳо бар ин назаранд, ки фарҳанги Тоҷикистонро танҳо бо асбобҳои мусиқӣ алоқаманд кардан мумкин нест.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.