Дар шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиати видеоии зодагони ВМКБ нашр шуд, ки дар он онҳо аз ҳукумат ва мақомоти тафтишотии Тоҷикистон дархост мекунанд, ки дар бораи макони будубоши Амриддин Аловатшоев, ки рӯзи 12 январ дар Русия боздошт ва гӯиё ба Тоҷикистон фиристода шудааст, маълумот диҳанд.

Давоми се рӯзи ахир дар шабакаи иҷтимоии Facebook бо хэштегҳои «Покажите Амриддина» (Амриддинро нишон диҳед)  ва «Свободу Амриддину» (Озодӣ ба Амриддин) муроҷиатҳои видеоӣ нашр шуданд.

Зодагони ВМКБ, ки аксаран дар Русия қарор доранд, аз бедарак шудани Амриддин Аловатшоев, ки 12 январ дар шаҳри Белгороди Русия боздошт шудааст, изҳори нигаронӣ карданд. Дар бораи тақдири минбаъдаи ӯ чизе маълум нест.

Дар муроҷиатҳо ҷонибдоронаш мегӯянд, тибқи баъзе маълумот Аловатшоевро ба Душанбе бурда, ӯ дар яке аз боздоштгоҳҳои тафтишотӣ қарор дорад, лекин мақомоти расмӣ ба ин иқрор намешаванд.

“Мо мехоҳем бидонем, ки ӯ хуб аст. Ӯро нишон диҳед”, - даъват мекунанд онҳо дар муроҷиатҳои худ.

Инчунин ҷонибдоронаш изҳор мекунанд, ки ӯ ҳеҷ гоҳ ба қонуншиканӣ даст назада, баръакс, ҳамеша муҳоҷиронро дастгирӣ ва аз онҳо ҳимоя мекард.

“Дар замони пандемия ӯ ва дигар ризокорон  ба муҳоҷирони тоҷик кумак мекарданд. Ӯ ҳамеша онҳоро дар вақти баъзе ҳодисаҳо (нофаҳмиҳо), ки тез-тез бо намояндагони Қафқоз рух медиҳад, ҳимоя мекард. Ӯ масъаларо ҳал карда метавонист, зеро натанҳо байни худиҳо, балки дигарон низ нуфуз дошт. Ӯ варзишгаронро дастгирӣ намуда, мехост, ки дар мусобиқаҳо ҳарчи бештар парчами Тоҷикистон барафрохта шавад. Барои муҳоҷирон ӯ як такягоҳ буд. Мо бовар надорем, ки ӯ дар ягон ҷинояте даст дошта бошад”, - гуфт дар суҳбат бо “Азия-Плюс” яке аз муҳоҷирони корӣ дар Русия бо номи Соҳиб.

Амриддин Аловатшоев яке аз пешвоҳои ҷавонони ВМКБ дар Русия маҳсуб меёбад. Дар бораи боздошти ӯ рӯзи 12 январ портали иттилоотии Pamir Daily New хабар дод.

Он замон дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабари гӯё дар Тоҷикистон қарор доштани ӯро ба “Азия-Плюс” рад намуда, изҳор доштанд, ки ба қазияи Аловатшоев ягон муносибате надоранд.

Ораз Вазирбеков, яке аз ҳаммаслакони Аловатшоев ба Радиои Озодӣ гуфтааст, тибқи маълумоти онҳо, Аловатшоев дар Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили (УБОП) ВКД ҶТ қарор дорад.

"12-уми январ ба мо гуфтанд, ки ӯ дар боздошт аст, аммо ҳеҷ яке аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия инро тасдиқ накард. Мо баъдан хабар ёфтем, ки Амриддин дар Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташакили Душанбе қарор дорад”, - иброз доштааст Вазирбеков.

Инчунин шахсони наздик ба Амриддин Аловатшоев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки шахсони номаълум ӯро пас аз тазоҳуроти зодагони Бадахшон дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав таъқиб мекарданд.

Аловатшоев узви гуруҳи музокиракунандаи муътаризон бо сафири Тоҷикистон дар Русия буд.

Ҳамчунин Радиои Озодӣ аз гуфтаҳои София Мунимшоева, ҳамсари Аловатшоев хабар медиҳад, ки ӯ бори охир бо шавҳари худ 11-уми январ тамос дошта, вале аз он рӯз дигар дастнорас аст.

"Ҳамроҳони шавҳарам гуфтанд, онҳоро 11-уми январ дар Белгород боздошт карданд. Пас аз ду рӯз раҳо карданд, аммо ӯро дигар касе надидааст," - гуфтааст Мунимшоева.

Аловатшоев кист?

Ба иттилои Радиои Озодӣ,  Амриддин Аловатшоеви 44-сола зодаи ноҳияи Роштқалъа аст ва солҳо боз дар Русия зиндагӣ мекунад. Ӯ дар ширкатҳои амниятии хусусӣ кор мекардааст.

Дар миёнаи солҳои 2000-ум Аловатшоев дар муноқишае бо қафқозиҳо сахт маҷрӯҳ шудааст. Амриддин Аловатшоев соли 2001 ба кишвар баргашта, ба як роҳбари соҳибнуфуз дар Роштқалъа табдил шуд.

Дар ҷараёни нооромиҳои моҳи октябри соли 2018 номи Аловатшоев дар қатори номи ба истилоҳ роҳбарони ғайрирасмӣ, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Толиб Айёмбеков, Мунаввар Шамбиев ва Хурсанд Мазоров гирифта шуд.

Баъдан маълум шуд, ки ӯ ҳамроҳ бо чанд нафари дигар санаде имзо кардаанд, ки дар оянда ба қонуншиканӣ даст намезананд ва ба кори мақомоти давлатӣ дар ВМКБ дахолат намекунанд.

Тавре ки Радиои Озодӣ менависад, Аловатшоев соли 2019 ба Русия баргашт ва онҷо як ҳаракати ихтиёриёнро таъсис дод, ки ҳадафи он тарғиби ҳаёти солим дар миёни ҷавонон, ҳифзи иртиботи наздик ва кумак ба ҳамдигар будааст.

Вазири энергетикаи Тоҷикистон ва зодаи ВМКБ Далер Ҷумъа рӯзи 10-уми январ зимни суханронӣ дар маҷлиси мақомоти маҳаллии ҳокимияти ВМКБ Амриддин Аловатшоевро ба таҳрик додани ҷавонони ҷавонони Бадахшон дар Русия муттаҳам кард.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки маълум шуд, аз моҳи декабри соли 2021 Аловатшоев таҳти пайгарди Русия қарор дорад.

Дар мавриди ин ки ин шабу рӯзҳо дар Хоруғ чӣ гузашту мегузарад, дар сужаи мо бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.