Давоми як шабонарӯз тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 12 нафар зиёд шуда, 28 нафар аз бемории мазкур солим гардонида шуданд.

Дар муддати чанд рӯзе, ки Вазорати тандурустӣ дар бораи ҳолатҳои нави гирифторшавӣ ба ин сироят хабар дод, шумори расмии сироятёфтагон аз COVID-19 аллакай аб 146 нафар расид.

Гуфта мешавад, теъдоди умумии сироятёфтагон дар кишвар аз оғози пандемия ба 17 ҳазору 241 нафар расид.

Шумори умумии фавтидагон аз оғози пандемия 124 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 17 ҳазору 23  нафар ё худ 98,7%-ро ташкил медиҳад.

“Дар шароити паҳншавии босуръати бемории сироятии COVID-19 дар аксар кишварҳои сайёра дар асоси таҷрибаҳои илмӣ муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ- ин гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад”, - омадааст дар хабари Вазорати тандурустӣ.

Айни замон дар ҷумҳурӣ маъракаи ваксинзании аҳолии калонсоли кишвар бар зидди коронавирус идома дорад.

То санаи 20 январи соли равон беш аз 4 млн 355 ҳазору 582 нафар (75,6%) шаҳрвандони мамлакат ба ваксинатсия бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида дар ҳудуди мамлакат 3 млн 636 ҳазору 802 нафар (63,1%) шаҳрвандон гирифтаанд. Дар маҷмӯъ ваксингирии 5 млн 826 ҳазору 301 нафар зарур аст.

Дар Тоҷикистон барои эмкунии аҳолӣ аз сирояти коронавирус аз 5 навъи ваксинаҳо истифода мешавад: CoronaVac, AstraZeneca, Moderna, Pfizer ва Спутник V.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват кардааст, ки қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла, пӯшидани ниқоби тиббӣ, зуд-зуд шустани дастон ва фосилаи байниҳамдигариро қатъиян риоя намоянд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.